Азми раёсати роҳи оҳан барои раҳоӣ аз муҳосираи Узбакистон
Иқдоми Узбакистон, ки бо қатъи ҳаракат дар роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг вилояти Хатлони Тоҷикистонро дар муҳосира қарор додааст, омили сиёсӣ дорад.
Ин нуктаро Баҳром Шодиев, муовини якуми раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг”, ки минтақаи ҷануби Тоҷикистонро бо роҳи оҳани хориҷ аз кишвар мепайвандад, аз сӯи Узбакистон 16 ноябри соли 2010 тахриб шуда, ҳаракат тавассути ин роҳ имконнопазир гардидаст.
Шодиев гуфт, масдудияти роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг ҷанбаи сиёсӣ дорад ва ниҳодашон наметавонад ин масъаларо ҳал кунад. Ӯ афзуд, ба далели он, ки ҳаракат тариқи ин роҳ якҷониба аз сӯи Узбакистон қатъ шудааст, қазия бояд дар сатҳи боло ҳал шавад. Ба гуфтаи Шодиев КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои баҳрабардорӣ ва барқарорсозии ин роҳ аз лиҳози техникӣ омода аст.
Тибқи изҳороти ноиби раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” то 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон роҳҳои оҳани Хатлон аз муҳосираи Узбакистон раҳо хоҳанд шуд.Ӯ дар ин робита изҳор дошт, ки сохтмони роҳи Душанбе – Ваҳдат – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, ки айни ҳол идома дорад, 9 сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |