Боздошти беш аз 100 нафар бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз
Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, дар пайи силсилаи амалиётҳо беш аз 41 килло маводи мухаддири ҳашишу чарс, як адад силоҳи оташфишон ва 17 лавозимоти ҷангӣ мусодира шудааст.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” хабар дод, ки ин амалиётҳо аз 1 то 26 январи соли ҷорӣ дар минтақаҳои сарҳадии ҳудуди масъулияти Отрядҳои сарҳадии Хоруғ, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Турсунзода, Истравшан ва Исфара анҷом шудаанд: “Ҳангоми кӯшишҳои ғайриқонунӣ убур намудани хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони давлатҳои ҳамсарҳад ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин интиқоли маводҳои мухаддир ва молҳои ниёзи мардум аз тарафи нарядҳои сарҳадӣ ва гуруҳҳои фаврии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Точикистон пешгирӣ ва дастгир карда шуданд. 104 нафар вайронкунандагони низом ва реҷаи сарҳади давлатӣ, дастгир карда шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |