Бахшҳо
31 окт 2011 05:21Минбари Шумо

Ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон: Заминро оқилона истифода баред!

Таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 29-уми октябри соли равон маҷлиси навбатии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аз ҷумла ҳафт нафар ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ дар Вазорати маориф, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи андоз ва Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта таъин шуданд. Аз онҳо 5 нафарашон занони кордону соҳибтаҷриба мебошанд.  Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки минбаъд низ барои ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳам роҳбарӣ ҷалб намудани занону духтарони болаёқату кордон ва умуман баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судбахш андешида шаванд. Сипас ҳисоботи раиси раёсати бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова оид ба ҷалби амонатҳои аҳолӣ ва таъсири он дар низоми бонкии кишвар шунида шуд.Тавре зикр гардид, ҳаҷми умумии пасандозҳои аҳолӣ аз соли 2005 то соли 2011 аз 18,6 миллион сомонӣ ба 277,5 миллион ва шумораи пасандозгузорандаҳо аз 72 675 ба 168 071 нафар расидааст. 15 маротиба афзудани ҳаҷми умумии пасандозҳо ва 2,3 баробар шумораи пасандозгузорандагон нишона аз афзудани боварии мардум ба «Амонатбонк» ва умуман бонкҳои кишвар номида шуд. Танҳо дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар «Амонатбонк» 40% афзоиш ёфта, даромади софи он ба зиёда аз 7 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расидааст. Ҳоло «Амонатбонк» ба 2 миллион нафар аҳолии кишвар хизмат мерасонад ва сармояи тавозуниаш ҳолати 1 октябри соли равон 133,7 миллион сомонӣ мебошад.Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти «Амонатбонк» дар маҷмўъ баҳои мусбӣ дода, ҳамзамон барои боз ҳам бештар ҷалб намудани маблағҳои озоди аҳолӣ, ҳавасманд кардани мардум ба ҳамкорӣ бо бонкҳо, ба таври ғайринақдӣ додани маошу нафақа ва гузарондани тамоми амалиётҳои бонкӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани шабакаи ягонаи электронӣ ба роҳбарияти «Амонатбонк» ва роҳбарони дигар сохторҳои молия, андоз, гумрук, бонкдорӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас дод. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов дар бораи татбиқи Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки моҳи декабри соли 2004 тасдиқ гардида буд, ҳисобот дод.Чунонки зикр гардид, дар ин давра барои беҳ намудани фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ корҳои зиёд ба сомон расонда шудааст. Фаъол гардидани механизми Равзанаи ягона дар бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, аз 600 то 86 адад кам кардани намудҳои иҷозатномаҳо ва бисёр корҳои дигар аз ҷумлаи тадбирҳои соддагардонии фаъолияти соҳибкорӣ арзёбӣ гардид. Аз ҳисобот бармеояд, ки дар солҳои татбиқи консепсияи мазкур дар кишвар садҳо корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд ёфта, корхонаҳои зиёди мавҷуда навсозӣ шуданд ва ҳазорҳои ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардид. Прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода оид ба назорати иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи замин дар ноҳияҳои Вахш ва Бобоҷон Ғафуров ахбор дод.Тавре зикр гардид, мақомоти дахлдори ноҳияҳои мазкур ба қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддӣ дар тақсимоту истифодаи замин ва сохтмони худсаронаи хонаҳои истиқоматӣ дар заминҳои таъиноташон дигар роҳ додаанд. Ба иттилои прокурори генералӣ нисбати шумораи зиёди қонуншиканон дар ин ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Раисони ноҳияҳои Вахш ва Бобоҷон Ғафуров бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар тақсимот ва истифодаи замин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз вазифа озод карда шуданд. Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва пойтахти кишвар, ки ба маҷлиси ҳукумат барои ҳамин масъала даъват шуда буданд, муроҷиат намуда, таъкид дошт, ки чунин  қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд. Ба онҳо ва роҳбарони сохторҳои масъули соҳаи замин ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки вазъи истифодабарии заминро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, қонуншиканиҳоро саривақт пешгирӣ намоянд. Дар маҷлиси ҳукумат як зумра санадҳои нав, аз ҷумла Механизми нави маблағгузории муассисаҳои давлатии тандурустӣ, Тартиби ба иҷора супурдани амволи давлатӣ, Консепсияи сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обӣ, энергетикӣ ва сарфаҷўии нерўи барқ барои солҳои 2012-2016 ва ғайра тасдиқ карда шуд.Лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи реклама» ва «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид. Хулосаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» низ пешниҳод гардид.Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба омодагӣ ба зимистон, тарғиби фарҳанги сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ, расондани кўмак ба ниёзмандон дар арафа ва рўзҳои иди қурбон ва Рўзи Конститутсияи Тоҷикистон ва тайёрӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2011 вазифаҳои мушаххас гузошт.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)