Султонов: Кашмакаши ҷангалбон бо сайёҳони чехӣ омили забонӣ дошт (ВИДЕО)
Мустафоқул Султонов, муовини сардори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон кашмакаши ҷангалбони тоҷик бо сайёҳони чехиро шарҳ дода, афзуд, ки он дар пайи надонистани забони ҳамдигар рух додааст.
Дар ҳоле, ки бархе аз сайёҳони хориҷӣ ва масъулини сайёҳии Тоҷикистон аз пораситониҳои масъулини ҷангал шикоят мекунанд, Султонов ин иддаоро рад карда, афзуд, ки соли гузашта ягон ҳолати пораситонии кормандони ҷангал ба қайд гирифта нашудааст.
Ноиби раиси Агентии ҷангали Тоҷикистон изҳор дошт, ки тибқи қонун ҳар сайёҳ барои як шабонарӯзи истироҳат дар ҷангал бояд 15 сомонӣ пардохт кунад. Ӯ илова намуд, ки агар сайёҳон ин меъёрро нақз кунанду ғайриқонунӣ дар ҷангал истироҳат намоянд, 400 сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.
Дар навори видеоие, ки Томаш Лабурда, сайёҳи чех чанд моҳи қабл дар интернет нашр кард, Ҳошим Нуров, ҷангалбони масъули минтақаи Кӯли калони ноҳияи Айнӣ шиносномаҳои сайёҳонро гирифта, изҳор медорад, ки танҳо баъди пардохти маблағ шиносномаҳоро бозпас хоҳад дод. Сайёҳони чехӣ дар шарҳи навор изҳор доштанд, ки баъди пардохти маблағ мушкил ҳал шуд. Сайёҳон иқрор карданд, ки ин ҷангалбони тоҷик дар пайи гирифтани маблағ расидро ба онҳо додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |