Ҷопон бо 92070 доллар дар Ёвон мактаб сохт

Ҳукумати Ҷопон дар доираи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ” (GGP) дар рустои Навободи ноҳияи Ёвон барои мактаби таҳсилоти миёнаи №58 бинои нав бунёд кардааст.
Тавре аз Сафорати Ҷопон дар Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар маросиме бахшида ба анҷоми ин лоиҳа хонум Тиэ Тамура, муовини роҳбари ҳайати сафорат ва Зумрад Умматзода, муовини раиси ноҳияи Ёвон ширкат варзидаанд. Манбаъ мегӯяд, маблағи умумии лоиҳа 92.070 доллари амрикоиро ташкил додааст. “Бинои мактаби нав аз ҳашт синфхона, хонаи муаллимон, утоқи директор ва китобхона иборат аст. Феълан мактаб метавонад тақрибан 200 хонанда ва 20 омӯзгорро бо фазои хуби омӯзиш ба таври назаррас таъмин намояд”.
Кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 346 лоиҳаро ба маблағи умумии 28 миллион доллар дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |