6 сол ҳабси Асоев баъди боздошт ва истирдодаш аз Туркия
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷавони тоҷикеро, ки дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Тибқи иттилои додгоҳ Асоев, ки соли 2011 ба Русия рафта, шаҳрвандии ин кишварро низ гирифтааст, бо таблиғоти Фирӯз ном ҷавони тоҷик дар шабакаи “Одноклассники” ҷонибдори ғояҳои “Давлати исломӣ” шудааст: “Асоев бо мақсади пайвастан ба “Давлати исломӣ” моҳи августи соли 2015 аз Маскав ба Истанбул парвоз намудааст. Аз шаҳри Истанбул бо роҳнамоии роҳбаладҳои “Давлати исломӣ” ба шаҳри Газиантепи ҳамсарҳад бо Сурия рафтааст, аммо пеш аз пайвастан ба “ДИИШ” аз сӯи мақомоти Туркия боздошт гардидааст”.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, Асоевро, ки моҳи сентябр аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шудааст, дар сӯиқасд ба ҷиноят ва зархаридӣ гунаҳкор дониста, ба 6 соли зиндон маҳкум намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |