Дар ҳамин ҳол, дар дурдасттарин деҳаи ноҳияи Ванҷ- рустои Поймазор, ки дар наздикии пиряхҳои бузурги кишвар- Хирсон, Кашолаях ва Федченко ҷойгир аст, барфи аввал боридааст. Тавре Ҳайдар Назаров, як сокини ин деҳа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод: «Бориши барф шаби 30-юми октябр шурӯъ гардида, ғафсии қабати он то имрӯз 18 см-ро ташкил медиҳад». Ӯ мегӯяд, аслан зимистон дар деҳаи мо барвақт оғоз гардида, то моҳи апрел идома меёбад, аммо имсол аз солҳои қаблӣ ду ҳафта пеш зимистон шуд.
«Ҳосили бархе меваҳои боғҳои сокинони Поймазор ҳанӯз ҷамъоварӣ нашудааст, аз ҷумла ҳудуди 20-тонна себи навъи олӣ дар боғҳо зери барф монд»,-мегӯяд Назаров.
Маврид ба ёдоварист, деҳаи Поймазор дар қисмати шарқии ноҳияи Ванҷ ҷойгир буда, аз маркази ноҳия 70 километр дур аст.Шуғли асосии сокинони ин русто зироаткорӣ, боғдорӣ ва чорвопарварӣ мебошад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |