Бахшҳо
26 янв 2016 13:44Тоҷикистон / Тема дня

Хосият Ёрова: Ману Ҷамшед сиҳату саломат, дар озодием

Ҷамшед ва Хосият, бародар ва хоҳари Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи тоҷик, айни ҳол сиҳату саломат дар озодӣ қарор доранд. Дар ин бора ба "Озодагон" имрӯз, 26 январ худи Хосият Ёрова хабар дода, афзуд, феълан дар берун аз шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ аз шарҳи овозаҳо дар бораи боздошташон худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки чанд соат қабл Ҳуринисо Исҳоқова, модари Хосият ва Ҷамшед ба “Озодагон” гуфт, чор рӯз мешавад, аз тақдири фарзандонаш хабар надорад. “Шоми 22 январ баъди паҳн шудани хабарҳо дар бораи боздошташон Хосият ба ман телефон карда, гуфт, сиҳату саломат аст. Субҳи он рӯз фарзандонашро барои нигоҳубин назди ман оварда буд. Гуфт, ҳозир рафта онҳоро мегирам, аммо наомад”,-афзуд ӯ.

Хабари боздошти Хосият ва Ҷамшед баъди он расонаӣ шуд, ки онҳо рӯзи 21 январ як гуруҳ вакилони дифои хориҷиро дар Душанбе пешвоз ва роҳнамоӣ карданд. Дагир Хасавов, вакили дифоъ аз бюрои адвокатии “Драконта”-и Русия, ки ҳамроҳи ду тан аз ҳуқуқшиносони Туркия барои шиносоӣ бо парвандаҳои аъзои раёсати ҲНИТ, ҳизби фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, вориди Душанбе шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, бояд бо Ёровҳо мулоқот мекард: “Аммо онҳо бедарак шуданд ва мо шунидем, ки онҳоро боздошт кардаанд”.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25 январ дар суҳбат бо хабарнигорон аз қазияи бедарак шудани Ҷамшеду Хосият изҳори беиттилоӣ кард. Ӯ гуфт, вақте як шахс бедарак мешавад, наздиконаш ба пулис барои пайдо кардани вай муроҷиат мекунанд, аммо дар ин маврид ҳеч аризае унвонии онҳо нарасидааст. Зимнан, Раҳимзода ба сардори раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе супориш дод, ба ин қазия расидагӣ кунад.
Мӯҳр
чаноби рахимзода шумо хуб медонед ки ин гумшудагон дар кучоянд

Ачоиб ин чи гап аст. Мо дар кадом замон зиндаги дорем, ки чунин холатхо рух медихад?

ва
Дехоти,

Шумо тасаддук дар давраи шохигарии асримиенаги зиндаги доред. Шукрона кунед.

Асар
Ох ох оху боз ох чи рузаст ки аз соли 92 дида баттар шуд одамонро зинда ба зинда дар гур мондаги барин шуд охир соли 92 мешуд хуб набуд ки медонисти ки дигар мурду рафт ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)