Масъулини Агентии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯянд, дар давоми нӯҳ моҳи соли равон дар кишвар ба масоҳати 439,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 14 фоиз камтар аст.
Онҳо кам шудани ҳаҷми сохтмони биноҳои истиқоматиро ба зиёд будани иншооти ҷашнӣ, ки имсол ба муносибати 20 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон бунёд гардиданд, рабт медиҳанд. Дар ин робита аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки 95 фойизи биноҳои истиқоматие, ки тайи моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ сохта шудаанд, аз ҷониби аҳолӣ бунёд гардидаанд. Аз ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе, - 12,5 ҳазор метри мураббаъ, дар вилояти Суғд, - 169 ҳазор метри мураббаъ, дар вилояти Хатлон 195,8 ҳазор метри мураббаъ ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 61,9 ҳазор метри мураббаъ сохта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, бо ишора ба талаботи зиёд ба хона, коршиносони масоили иқтисодӣ пешгӯӣ мекунанд, ки дар пайи камшавии сохтмон дар кишвар нархи хонаҳо метавонад, каме боло равад, зеро тибқи қонунҳои бозор дар сурати кам шудани пешниҳод ва зиёд будани талабот ҳатман болоравии нарх ба вуҷуд меояд.{jathumbnail off}
Мӯҳр