Ростӣ, имрӯз рафтори бархе аз муҳоҷирини ҳамватанро дида, кас ангушти ҳайрат мегазад. Пӯшида нест, ки шароити пасти зиндагӣ ва вазъи иқтисоди бисёр ҷавонони моро водор намуда, ки барои дарёфти қути лоямут ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, то онҷо маблағе дарёфт намоянд. Манзараи ҳузнангез ва сӯзи сина аст, дидани вазъи сангини зиндагии муҳоҷирон барои шахсе, ки онро аз наздик мебинад. Дар ин муддате, ки ман дар Русия ҳастам, ин ҳама сӯзу созу нешу нӯшро аз сар гузаронидаам.
Аммо аксари ҷавонон, ин маблағҳои бо ҳазор машаққат ёфтаашонро сарфи кори беҳуда карда, ба қадри обилаи кафи даст ва меҳнати худ намерасанд. Дар Ватан бошад, падару модар чашм ба роҳу интизори кӯмаки фарзанданд. Тибқи омори расмӣ аз 4 нафар муҳоҷир 1 тояш бо кисаи холӣ ба маҳалли зисти худ бармегарадад. Акнун тасаввур кунед, ки ба ҳисоби миёна як муҳоҷир барои истифодаи телефони мобилӣ моҳе то 50-60 доллар масраф мекунад.
Бархе аз ҷавонони муҳоҷири тоҷикистонӣ бошанд, пайи ҳавову ҳавас шуда, чунон бо карру фарр либос мепӯшанд, ки арзишашон ба садҳо ва аз он зиёд арзи хориҷӣ баробар аст. Аламовараш он аст, ки иддаи зиёди ҳамватанонамон дур аз ёру диёр ба ҷои дастгирии волидайну пайвандонашон даст ба кори ношоям мезананд. Ҳамеша ба фоҳишахонаву толорҳои бозиҳои фароғатӣ рафта, пулҳояшонро ба боди фано медиҳанд.
Чанде пештар ҷавоне бо номи Р. вақте барои дарёфти санади иҷозаи кор хун месупорад, бовараш намеояд. Ташхис маълум менамояд, ки ӯ мубталои СПИД шудааст.Ин ҳама аз бемасъулиятиву бепарвоии худи ӯ дарак медиҳад. Оқибати беҷогардӣ инсонро ба кадом жарфое, ки намебарад…
Ҳар субҳ вақте ки аз ноҳияи Адмиралтейский ба кор меравам, мушоҳида менамоям, ки ҷавонони муҳоҷири тоҷикон ба ҷойи тоату ибодат дар даст пиво лаби канали Фонтанка ба қавле «истироҳат» менамоянд. Рӯзашонро бо оби ҷав оғоз карда, шомгоҳон махмуру маст дар ҷодаҳои Питер мегарданд. Пас, аз онҳо (албатта на ҳамаашон дар назар аст) падару модар, фарзандону пайвандон чиро метавонанд интизор шаванд?
Шаҳлои Наҷмиддин, Санкт-Петербург
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |