Шиддати тадобири амниятӣ дар фурудгоҳ алайҳи вуруди бемориҳои хатарнок
Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ҷилавгирӣ аз вуруди бемориҳои хатарноки сироятӣ ба кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияташон дар соли 2016 хоҳад буд.
Холиқов, имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, гуфт феълан тадобири амниятӣ дар фурудгоҳ пурзӯр шуда, сарфи назар аз таъсири буҳрони молиявӣ дастгоҳҳои ташхискунанда харидаанд. Ӯ афзуд, ки аз ҷумла дастгоҳи муайянкунандаи бемории Эболаро харида, дар фурудгоҳ насб кардаанд.
Шиддати тадобири амниятӣ алайҳи вуруди бемориҳои сироятӣ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 21 январ расонаҳои Русия аз ҳалокати Соҳиба Мустафоқулова, як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бар асари бемории “зукоми хук” хабар доданд. Масъулин мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз сирояти вируси Н1N1 ё “зукоми хук” дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгоҳи “Термо-Сканер” насб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |