Бахшҳо
26 янв 2016 08:55Тоҷикистон / Сиёсат

Роҳи ҳал: кӣ бояд онро пешниҳод кунад?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Ҳама гуна мушкил роҳҳал дорад. Мушкилии асосӣ дар пайдо кардани ҳамин роҳи ҳал мебошад (яке аз нависандаҳои фаронсавӣ, ки ҳар қадар фикр кардам номаш ба хотирам наомад).


Ҳар замон, ки камина ягон матлаби интиқодӣ нашр кунам дар зери матлабҳо як қисм шарҳнависон гилоя мекунанд, ки ҳамеша насиҳат мекунам, интиқод менамоям, вале роҳи ҳалро пешниҳод намекунам. Ҳамчунин ин нуктаҳоро аз ҷониби инчуниниҳо дар баробари дигар мунтақидон ҳам мешунавам. Дар воқеъ роҳи ҳалро кӣ бояд пешниҳод кунад, дақиқтараш кӣ бояд пайдо кунад?! Пеш аз он ки ба пайдо кардани посухи ин суол бипардозам, як ҳодисаеро аз ИМА қисса мекунам.


Замоне дар ИМА яке аз омӯзгорон дар бораи яке аз масъалаҳои меҳварии маориф назарашро навишта ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунад. Баъди чанд рӯз ин омӯзгор як мактуб мегирад, ки дар он навишта шудааст: “Шуморо дар санаи ... барои суҳбат бо президенти ИМА ... даъват мекунем”. Раисиҷумҳур дар суҳбат бо ӯ мегӯяд, барои он ки аз вуҷуди чунин як мушкил огоҳам кардаӣ ташаккури зиёд, вале ба он хотир наздам хондамат, ки роҳи ҳалли ин мушкилро низ бигӯйӣ. Омӯзгор дар посух мегӯяд, барои роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо кардан шумо касеро бо номи вазири маориф мансаб додаед, маоши баланд таъин намудаед, мошини хидматӣ, хонаи иқомат, бӯстонсаро ва дигар имтиёзоти давлатӣ додаед...

Воқеият ҳамин аст, ки тамоми мушкилоти мо суроға доранд. Ба ҳар як мушкили мо шахсе масъул мебошад; мудир аст, раис аст, садр аст, вазир аст ва президент. Яъне, ҳар касе, ки соҳаеро ба роҳбарӣ гирифтааст масъулияти давлатӣ дорад, ки мушкилоти он соҳаро низ ҳал кунад. Вале онҳое, ки аз журналистон роҳҳи ҳали мушкилро талаб мекунанд, ҳатман иштибоҳ кардаанд. Ҳадди ақал рисолати касби журналистиро нашинохтаанд. Баъзан шахсиятҳои бисёр огоҳро низ мебинам, ки ҳамин як гилояро мекунанд. Инҷо зарур медонам, ки дар мавриди ин ки оё рӯзноманигорон муваззафанд роҳи ҳалро низ нишон бидиҳанд чанд нуқтаназарро изҳор кунам.

Аввалан. Аз нигоҳи назарӣ вазифаи рӯзноманигор огоҳ кардани ҷомеа аз ҳодиса, навгонӣ, мушкил ва ё муваффақият мебошад. Ин рисолати касбии рӯзноманигор аст. Барои иҷро кардани ҳамин рисолат барои рӯзноманигор давлат муваззаф аст, ки шароит фароҳам кунад. Бисёре аз муҳаққиқони журналистика бар ин назаранд, ки журналист вазифадор нест, ки дар баробари инъикоси мушкил роҳи ҳалли онро низ нишон бидиҳад. Ин чиз бармегардад ба он ки журналист мутахассиси ҳама соҳа нест, ки дар ҳар замина соҳибназар бошад ва аз ин рӯ олимони соҳа пешниҳоди роҳҳалҳои мушкилро аз ҷониби ӯ муҳим нашумурдаанд. Барои мисол, журналист дар мавриди хатари пасмондаҳои ураниюм матлаб менависад. Ӯ ба унвони каси дар мактаб кимиёхонда медонад, ки ураниюм як унсури кимиёвии муъзир аст, вале ӯ мутаххасис нест, ки роҳи безарар гардондани пасмондаҳои ураниюмро пешниҳод кунад. Барои ин кор касони дигаре ҳастанд, ки мутахассисанд ва аз буҷаи давлат маош мегиранд. Аз ин рӯ журналистон бештар нақши огоҳ кардан, рисолати бедор кардани ҷомеаро доранд.

Сониян. Дар ростои рисолат ва масъулияти касбӣ журналистон рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти миллӣ доранд. Онҳо дар баробари ҳар шаҳрванди дигар масъулият доранд, ки барои пешрафти ҷомеа, ободии кишвар, рушди давлат саҳми худро аз тариқи ироа кардани нуқтаназарҳо бигузоранд. Албатта агар журналист дар баробари баёни мушкил битавонад роҳи ҳалли дурусту мантиқии масъаларо низ пешниҳод кунад, кори баде нест. Вале агар натавонад ва донишаш намерасад, хуб аст, ки аз пешниҳоди фикрҳо бадарднахӯр ва оммиёнаву камкайфият худдорӣ варзад. Вале дар ҷомеаҳои мисли мо бисёр кам иттифоқ меуфтад, ки назари журналист ба унвони як рисолати касбӣ ва масъулияти миллӣ пазируфта шавад ва аз он дар ҳалли ҳамон мушкил истифода шавад. Ё худи рӯзноманигор барои машварат ба ин ё он ниҳод даъват шавад. Ин чиз бастагӣ дорад ба иродаи ҳоким дар ҷомеа, ки чӣ шинохте аз расонаҳо ва рӯзноманигорон дорад.

Бо ишора ба ин ки кӣ бештар посухгӯй аст барои пайдо кардани роҳҳалҳои мушкилот, мо ҳамеша назароти гуногун дорем. Албатта ҳама шаҳрвандони кишвар як навъ масъулияти миллӣ доранд, ки барои пешрафту ободии кишвар, Тоҷикистони азиз фикру назар ироа кунанд ва саҳми физикиву маънавӣ бигузоранд. Вале пеш аз ҳама ҳар мушкиле масъули худро дорад. Барои ҳалли мушкили барқ ширкати “Барқи Тоҷик” ва раиси он масъуланд, барои ҳалли муаммои нақлиёт дар пойтахт ва набудани гармиву оби гарм дар хонаҳои Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муваззаф мебошад, барои таъмини адолат сохторҳои қудратӣ ва мақомоти марбути соҳа: Кумитаи амният, Вазорати дохила, Додгоҳи олӣ, Додситони кулл посухгӯянд ва дар маҷмӯъ барои кулли мушкилоти ҷомеа ҳукумат уҳдадор аст. Инҳо пеш аз ҳама муваззафанд, ки барои пешниҳод кардани роҳҳалҳо тадбир кунанд ва чора биандешанд. Агар онҳо барои иҷро кардани рисолат ва масъулиятҳое, ки қонун бар онҳо бор кардааст напардозанд, пас рӯзноманигорон вориди амал мешаванд ва ин гуна мансабдоронро огоҳ мекунанд, ки “кӯш то халқро ба кор ойӣ”. Дигар кори зиёде намекунанд. Барои ин бисёр муҳим нест, ки рӯзноманигорон мавриди сарзаниш қарор бигиранд, зеро бо фарқ аз дигарон онҳо рисолати касбӣ ва масъулияти миллияшонро дурустар иҷро кардаанд. Журналистон ҳангоми бархӯрд ба мушкил сари ин гуна интихоб қарор мегиранд. Кадоме муҳимтар аст: инъикоси мушкилот ва ё пайдо кардани роҳи ҳалли онҳо. Вале ин мантиқ ҳеч гоҳ ба ин маъно нест, ки мо замоне роҳи ҳалли мушкилотро намедонем аз инъикос кардани он даст бикашем. Ҳатман ҷомеа касонеро дорад, ки роҳи ҳалли ин мушкиларо медонад ва шояд талош кунанд, ки он мунҳал гардад.

Хулоса. Шарт нест, ки пеши якдигар девори Чин бигузорем. Балки муҳим ин аст, ки барои рисолату масъулияти якдигарро шинохтан талош кунем. Барои он ки ҳар кас дар ҷомеаи вазифаашро дурустар иҷро кунад бояд ҳамдигарро ташвиқ кунем, савқ бахшем. Дар ғайри сурат фикр намекунам, ки кори дурусте мекарда бошем.
Мӯҳр
Озоладон дига одам нест ай кади рах харкаса миевен харчи менависан безор шидем ай хами. этикаи либоспушира едш бтен аваал илтимос чоп кун бовар мекунем

Даҳмарда
Ба мулоҳизоти акаи Иршод тарафдорам, вазифаро тариқи маҳалгароӣ гирифтан осон, иҷрояш мушкил. Маро таҷриба надорам раису вазир сафиру консул мемонен, донишу фаросат надорам ва аз телевизиону аудиторияи калон ду ҷумла ба русӣ ҳарф зада наметавонам, ҳуқуқҳои миллатамро ҳимоя карда наметавонам, чӣ даркор ҳамин вазифаи зурбазури ва худшармандакуни ва сазовори лақаби равшану ҷамшуд шудан, вазифаро бояд шахси лоиқ гирад ва вазифаро гирифти миллатро бо як чашм нигоҳ мекуни ва мушкилии ватану халқро ҳаллуфасл карда ҳеҷ гоҳ миннат намекуни, чунки аз ҳисоби халқи андозсупор маошу имтиёз дорӣ!

Чоми
Уфффффф! Чун ХАМЕШАГИ, "Насихатнома"-и Иршод-валади Ванчи. Э мараки хуб, басш менай и гапои бекорара. Рузноманигор чашму гуш ва хуши халк аст. Мо худамон норасоиро мебинем, барои диданаш шумо даркор нестед. Мархамат карда РОХИ ХАЛ нишон дихед, кори хирс тамом. Агар натавонед навиштанро бас кунед, равед мардикори кунед, манфиаташ бештар аз ин суханпардозихои эронию покистонию ким-кучои дигар. ТОЧИКИ навиштанро худатон аввал омузед ва омузонед

Ба касе маъкул набошад, нахонад. Пеш аз либоспушии касеро тамасхур кардан дуруст навистанро ёд мегирифтед хуб мешуд-"ШОХСАНАМ"

Rudaki
Чоми, як калаи холира гирифта гаштаи чоми ох гуфт ку мардак вазиру дигару дигархо чикора хастан ки журналист рохи хала нишон бидихад бигзор хал кнан хдшон марши баланду дуздира метонан хал кардан

ман хайрон аз навиштаи ба ном Чоми хастам,ту ки безор шуда боши боз барои чи медароиву мехони? боз махалгароикарда Ванчи мегуи,фаркаш чи аз кучое бошад? ту барин махалгароен байни халк фитна меандозеду дума хода карда мегурезед...озодагон!!! озодона...

Дар хакикат бародари журналист дуруст кайд кардааст. Мушкилихо бисёр хастанд, мушкилкушо даркор. Бо хешу таборбозию махалгарои мушкилкушо ёфта намешавад. Равад, ки дар байни хонаводаю авлод ва махал чунин ашхоси мушкилкушо набошад пас чи? Холо Руссия кореро, ки дар гузашта Амрико карду ва бо ин тарз яке аз давлатхои абаркудрат гашт, яъне фардони босаводро дар мамлакаташ чамъ овар, карда истодааст. Мутахасисони мо низ ба он чойхо рафта ва дар дохил бе мутахасис монда истодаем, ки ин окибат моро мисли Афгонистон мекунад. Давлат бояд сиёсаташро дигар кунад ва мутахасисонро ба вазифа таин кунад. Умуман дар кадрхое, ки Ч.Оонхоро ба вазифа таъин мекунад ягон вундеркиндро намебинам.

Раҷабӣ
... унсури кимиёвии "муъзир".
Ба назарам дурусташ "музирр" мешавад.

Шохсанам,
Шохсанам,
Шохсанам як сурати хта бмонь чхел мешава? Ку ёд бтен ами мардака либоспушира...Давай ку як хта бларзон

Иршод бародари гироми, муваффақу комеб боши! Шарҳе ки аз таҳлили мавод неву аз сарзаниши шумо сар мешавад ин нишонаи бахили асту халос. Теъдоди шарҳҳо ва назароти хонандагон дар зери мавод ва мақолаҳои коштаи шумо ба забони ҳоли худ мегӯяд, ки шумо ҳадди ақал шахсияти ҷолиб астед. Бад-ин маънӣ, ки навиштаҳои шуморо мехонанд, таҳлил мекунанд ва билохира, шуморо эътироф кардаанд.
Саломат боши Иршод!

Бисёр гуфтаҳои оли ва сари вақтӣ. Шоҳсанам тоҷикиро ёд бигир ва баъд аз "этика гап зан..

мухочир
Бале Иршод хаста набоши[center][/center]

Салмоншо
Шохсанам,
Аку ай сари замини пахта хестӣ омадӣ мардма этика нишон метӣ? Чхели дига либос пуша ин мардак. Ё ба гфти хдт кастумша саршда бпуша, ё галстукша дар пешониш банда?

Сироч
Аз оне ,ки тудае аз хасудон ба шумо Иршод хар гуна суханони танзомез мезананд ин нишондодест ,ки маколоахои шуморо мехонанд.Барои инсони сохибмаърифат хамон суханони дар боло дарч гардидаи шумо басандаанд.Яъне вазифаи рузноманигор ба самъи чомеъа расонидани ин ё он камбуди дар дилхох вазорат аст.Пешниходи ислохот бояд аз тарафи шахсони масъули ин сохахо бояд шавад чун ,ки онхо маош мегиранд.

Ахмад
Саломату сарбаланд боши бисер хуб барои инсонхои ахли фахм ун касоне ки дар зери матлаб норозиги баен мекунан онхо худ хамин лаекатро надоранд ки ягончи нависанд аз хасад аз аз бахил будан нисбати шумо ба шумо лукма мезананд Худованд хифзат кунад Иршод гарчандеки шуморо аз наздик намешиносам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)