Ҳушдор: Қаллобон! Қазияи қаллобӣ дар ҶДММ “ТҚХ МОЛ.БУЛАК.РУ”
Дар ҷаҳони муосир, ба хусус дар шаҳрҳои бузург қаллобон аз камсаводии молии мардум ба фоидаи худ истифода мебаранд. Онҳо таҳдид намекунанд ва пулро аз роҳи зӯргӯӣ намегиранд, балки боварии мардумро ба даст меоранд. Одамон аз бесаводӣ ва соддагӣ барои ҳама чиз розӣ мешаванд. Қурбониён пай намебаранд, ки онҳоро фиреб ва бе ҳеч чиз мондаанд.
Кайрат, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон (номи ҳамаи иштирокчиён тағйир хӯрдааст) зимистони соли 2013 ба Маскав омада, рӯзҳои аввал дар яке аз тезтайёрҳои ин шаҳр кор кардааст. “Маошам 20 ҳазор рубл буд. Мехостам пули бештаре кор кунам. Тасмими мошинхарӣ гирифтам, ки таксиронӣ кунам”,-мегӯяд Кайрат. Ба гуфтаи ӯ, боре, иттифоқан дӯсти деринаашро во мехӯрад. Кайрат ба ӯ мегӯяд, ки бо ҳадафи харидани мошин пул ҷамъ мекунад. Дӯсти деринааш пешниҳод карда, ки ин корро зудтар анҷом бидиҳад ва ва корро то гирифтани қарз аз Мол Булак, ташкилоти хурди қарзӣ барои муҳоҷирон расондааст: “Қарзи мо барои онҳо қатрае аз баҳр аст. Агар ягон иддао ҳам шавад бо мо ҳеч коре намекунанд. Мо муҳоҷирем”.
“Мо 4 нафар будем. Ҳар кас барои гирифтани 40 ҳазор рубл ҳуҷҷат имзо кард. Дӯсти ман ба ҳама 10 ҳазор рублӣ дод ва боқияшро барои худ монд. Ман мошинро харида, аз қарз фаромӯш кардам. Фикр накардам, ки барои 40 ҳазор ҷустуҷӯ мекунанд”,-мегӯяд Кайрат.
Кайрат мошинро харида дар бораи қаллобӣ фаромӯш кард. Ӯ ҳатто пай ҳам набурд, ки ширкати Мол Булак ҳамаи шариконро пайдо ва қазияро додгоҳӣ мекунад. Додгоҳ дар бораи иҷборан ситонидани пул ҳалнома баровард ва дар ҳамин асос мошини Кайратро ҳабс намуд, ки барои хариданаш як сол пул ҷамъ карда буд.
Қаллобон имрӯз дар системаи молӣ бисёр хуб нақшагирӣ мекунанд. Дар ин гуруҳҳо нақши шарикон ба таври дақиқ ҷудо мешавад. Новобаста аз он ки пулро ба одамони дигар додааст ё на, масъулият ба дӯши қарзгиранда аст. Аз рӯи қонун қарздиҳанда ҳақ дорад, ки ҳамаи маблағеро, ки дар шартнома омадааст, гирад. Додгоҳ ҷониби қарздиҳандаро пуштибонӣ мекунад. Аз ин рӯ, дар интихоби шарикони молӣ бисёр бодиққат будан лозим аст. Ки медонад, ки он “дӯсти хуб”-и шумо фардо чӣ касе хоҳад шуд. Аз қаллобон эҳтиёт бошед! Бодиққат бошед!
То имрӯз бо иқдоми ҶДММ “ТҚХ МОЛ.БУЛАК.РУ” нисбат ба 2 ҳазор нафар дар бораи ворид нашудан ба қаламрави Русия қарори додгоҳӣ қабул шудааст. Шикати Мол Булак соли 2015 корзори “Хубӣ бидеҳ”-ро ба роҳ монд, ки дар доираи ин тарҳ ба тамоми қарздорон имконият фароҳам кард, то қарзҳои худро баргардонанд. Нисбати онҳое, ки ба пардохтани қарз шурӯъ карданд, меъёрҳои иҷборан ситонидан қатъ шуд. Бо хоҳиши зиёд шарикон ва қарздорон Мол Булак ин корзорро то 29 феврали соли 2016 тамдид кард.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин корзор ширкати Мол Булак омодааст тамоми ҷаримаҳоро ҳазф кунад, агар қарз пардохт шавад. Ширкат сар аз моҳи марти соли 2016 нисбати қарздорҳое, ки ин корзорро истифода накарданд парвандаҳои дастаҷамъиро ба нақша гирифтааст. Бар асоси қарори додгоҳ Хадамоти муҳоҷирати Русия қарздорҳоро дар робита ба нақзи меъёрҳои шаҳрвандӣ ва қонунгузории ҷиноятӣ аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия ва хориҷ аз он маҳрум мекунад.
Маълумот:
Агар ба шумо бо ширкати Мол Булак дар бораи қарзи муҳлатгузашта дар тамос шудан зарур бошад, бо ризоияти ташкилоти қарзӣ, рақамҳои шумораи тамосро дар Русия 8-800-555-71-71 нашр мекунем, ки тариқи он бо ширкат тамос мегиред ва саволро ҳаллу баррасӣ мекунед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |