Сабти беш аз 1000 нашъаманд дар Суғд
Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд мегӯяд, соли 2015 дар Маркази наркологии вилоят 85 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст.
Салом Ваҳҳобов, сардори ин ниҳод дар нишасти хабарие гуфт, феълан дар қайди муассисаҳои наркологӣ ҳазору 113 нашъаманд қарор доранд, ки 1069 нафари онҳо мард ва 44 тани дигаро занҳо ташкил медиҳанд.
Ҷаноби Ваҳҳобов гуфт, бинобар дар шаҳру навоҳии Истиқлол, Куҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон набудани духтурон-наркологҳо ягон нашъаманд дар ин манотиқ ба қайд гирифта нашудаанд: “Ҳарчанд, дар шаҳру навоҳии Қайроққум, Айнӣ, Ашт, Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дарёфту бақайдгирии беморони нашъаманд дар сатҳи хеле паст қарор дорад, аммо дар ин самт бояд чораҳои зарурӣ андешида шавад”.
Сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар идома гуфт, аз оғози табобати ҷойивазкунанда 257 нашъаманд бо воситаи дорувории “метадон” табобат гирифтаанд: “Ҳоло бошад, дар марказ 71 бемори нашъаманд бо воситаи дорувории “метадон” ба таври ройгон табобат гирифта истодаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |