Суғд ба мутахассисони бемории сил, руҳшиносу сироятшинос ниёз дорад
Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд мегӯяд, нишондоди нисбатан пасти таъминот бо табибон дар шаҳру навоҳии Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент ва Ғончиву Мастчоҳ ташвишовар аст.
Салом Ваҳҳобов, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, аснои суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Хуҷанд гуфт, масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи соҳа маҳсуб мешавад: “Нишондодҳои нисбатан паст ба сари 10 ҳазор аҳолӣ дар ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ (7,6), Айнӣ (11,0), Мастчоҳ (12,3), Панҷакент (14,0) ва Ғончӣ (10,4) мебошад. Талаботи муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят ба мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ 275 нафар, ба мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 190 нафарро ташкил медиҳад”.
Ҷаноби Ваҳҳобов мегӯяд, имрӯз норасоии мутахассисони соҳаи беҳискунӣ ва наҷоти ҳаёт, силшиносон, ташхиси шуоӣ, руҳшиносон ва сироятшиносон бештар ба назар мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |