Бахшҳо

Афзоиши “рӯйхати сиёҳ” ва коҳиши интиқоли ҷасади муҳоҷирон аз Русия

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2015 аз Русия ҷасади 807 муҳоҷири тоҷик ба Ватан оварда шудааст.

Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, имрӯз, 22 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, интиқоли ҷасади муҳоҷирон соли гузашта коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Тағозода соли 2014 ба Тоҷикистон 869 ҷасади муҳоҷирон интиқол ёфта буданд.

Вазири муҳоҷират инчунин аз коҳиши сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ хабар дода, афзуд, ки соли 2015 аз ҷумҳурӣ 552 ҳазору 596 шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбати соли пешӣ 18% кам аст: “Аз ҷумла 541 ҳазору 636 нафар ба Русия ва 10 ҳазору 957 нафар ба Қазоқистон сафар кардаанд”.

Тағозода сабаби коҳиши теъдоди муҳоҷирони меҳнатиро ба буҳрони иқтисодӣ дар Русия ва зиёд шудани шаҳрвандони мамнуъулвуруд рабт дод. Ба гуфтаи ӯ феълан беш аз 333 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳрасти афроди мамнуъулвуруд дар Русия қарор доранд.
Мӯҳр
ман
аз коҳиши тобутҳо хурсанд нашавед сабабаш кам шудани маргу мир нест сабаб ин аст ки дар ин кризис муҳоҷирон пул надоранд мурдаҳоро ба Ватани торику сард фиристанд

Мирзо
Дар дигар давлатхои дунё вазир аз шармандаги аз кор мерафт. Ин хонум бошад бо руи сурх мегуяд, ки шумораи часади мухочирон ба 807 адад расидааст. Якто бошад хам инсон аст. Ин шармандагист. Дар кресло шишта пули бедарди миён гирифтан осон. Хамаи хешу авлодхои худро бо кор таъмин намуда, аз холи мардуми бечора парво надоред. Аз ухдаи кор, ки набуромади вазифаро тарк намо.

Махмадшариф
Точикистон наметавонад мухочирони мехнатии худро ба кор таъмин намояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)