Э.Раҳмон масҷиду интернетро ҷои ифротишавии ҷавонон хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумат, аз 1000 ҷангҷӯи тоҷик дар “Давлати исломӣ”, хатари исломи сиёсӣ, 1470 масҷиди ғайриқонунӣ, роҳи нигоҳдории қурби сомонӣ, дарёфти бозори нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ, заминфурӯшӣ ва нигоҳдории нарх дар бозорҳо суҳбат кардааст.
Тибқи иттилои расмӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури раисони шаҳру навоҳии кишвар ҳушдор додааст, ки солҳои охир раванди сиёсишавии ислом ва дар ин замина авҷ гирифтани кинаву адовати диниву мазҳабӣ ва амалҳои тахрибкорӣ боиси нооромии минтақаҳои гуногуни сайёра гардидааст: “Кишвари мо низ бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофиаш зери таҳдиди ин хатарҳо қарор дорад. Тибқи таҳлилҳо макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурўҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд”.
Президенти Тоҷикистон идома додааст, ки ҳоло дар қаламрави мамлакат, дар маҷмўъ, қариб 5400 масҷид, аз ҷумла 3 930 масҷиди расмӣ ва 1470 масҷиди ғайриқонунӣ фаъолият мекунад: “Дар баробари ин, дар миқёси кишвар 3 836 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки аз теъдоди умумии масҷидҳо кам буда, 25 фоизи онҳо ба таъмир ниёз доранд. Маҳз бо сабаби таъсири омили зикршуда, фаъолияти нокифояи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутасаддиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷараёни таъсиррасонии мафкуравии пайравони гурўҳҳои ифротӣ бештар дар байни ҷавонон рў ба афзоиш ниҳодааст”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон раванди ифротгароӣ бахусус дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Кўлоб, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ва Бохтар бамаротиб зиёд гардидааст: “Тибқи маълумот, айни замон беш аз ҳазор нафар сокинони кишвар ба сафи Давлати ба ном исломӣ пайваста, дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Ҳамзамон бо ин, дар маҷмўъ 146 оила ба Сурия ва Ироқ кўч баста, 21 нафар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба сафи созмони террористии Давлати исломӣ шомил шудаанд”.
Ба гуфтаи президент омили асосии гаравиши ҷавонону наврасон ба сафи равияҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ, пеш аз ҳама, бемасъулиятии падару модарон нисбат ба тақдири фарзандони худ, мавҷуд набудани шароити ташкилӣ барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва чорабиниҳои фарҳангӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани корҳои тарбиявӣ, маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва дар ҳудуди маҳалла, ҷамоат, шаҳрак, ноҳия ва шаҳру вилоят мавҷуд будани мушкилоту норасоиҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ алоқаманд мебошанд: “Ҳамзамон бо ин, тибқи маълумот солҳои охир шумораи қонунвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону наврасон афзоиш ёфта истодааст”.
Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор ба занон ва оила, Иттифоқи нависандагонро вазифадор кардааст, ки барои тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ бо роҳи ба маҳалҳо сафарбар намудани мутахассисон, дар муассисаҳои таълимӣ пурзўр намудани дарсҳои тарбиявӣ дар мавзўъҳои ватандўстӣ ва ташвиқи арзишҳои дунявӣ, таҳияи барномаҳо ва филмҳои талқинкунандаи андешаҳои меҳанпарастӣ, шеъру мақолаҳо, сохтмон ва азнавсозии иншооти варзишӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҷамъбастӣ, супориш додааст, ки ҳукумат барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ чораҷўӣ намояд: “Бо дарназардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2016 ва ҷамъбасти натиҷаҳои соли молиявии 2015 зарур аст, ки корҳо дар самти ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, такмили низоми андозбандӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ ва ҷорӣ намудани он дар тамоми манотиқи кишвар, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва ҷалбшуда тақвият дода шаванд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баробари таъкид ба дастгирии соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ илова намудааст, ки “аз ҷониби дигар, таъмини шаффофияти фаъолияти молиявии субъектҳои хоҷагидор, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ аз истифодаи барномаву технологияҳои муосири баҳисобгирӣ ва мубодилаи иттилоот вобаста буда, чунин иқдом ба коҳиш додани иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд”.
Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат буҷет ва нақшаи даромади андозҳо таъмин нагардида, боиси сари вақт пардохт нашудани маошу нафақа гардида истодааст: “Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин карда, аз ҳама гуна хароҷоти дуюмдараҷа қатъиян худдорӣ намоянд”.
Раиси ҳукумати Тоҷикистон Бонки миллиро муваззаф кардааст, ки барои ба эътидол овардани бозори асъори хориҷӣ, коҳиш додани таъсири фишори қурб ба пули миллӣ, истифодаи асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ дар муомилоти дуҷониба, зиёд кардан ва самаранок истифода намудани захираҳои байналмилалӣ тадбирҳои фаврӣ андешад: “Зарур аст, ки бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ якҷо бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати дар соли 2016 дар доираи то 7 фоизи солона нигоҳ доштани сатҳи таваррум чораҳои зарурӣ андешида шаванд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз он интиқод намудааст, ки бо вуҷуди таъсиси корхонаҳои нав ҳоло ҳам бозори истеъмолӣ пойбанди молҳои воридотӣ мебошад: “Дар баробари ин, фаъолияти баъзе корхонаҳои навтаъсис ва амалкунанда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин аст, ки соли гузашта бо сабабҳои гуногун 290 коргоҳу корхона фаъолият накардааст”.
Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳалталаб дар соҳаи энергетикаро низ зиёд хондааст: “Масъулин оид ба ҳалли масъалаҳои кам намудани талафоти нерўи барқ, зиёд кардани ҷамъоварии маблағҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, аз ҷумла низоми автоматии ҳисоб ва назорати нерўи барқ чораҳои қатъиро амалӣ намоянд”.
Дар мавриди замин Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки аз маълумот бармеояд, то ҳол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат риоя нагардидани талаботи қонунгузории замин, бахусус ҳангоми тақсимот ва истифодаи он ба мушоҳида мерасад: “Аз ин рў, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти прокуратура супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, монеа ва қонуншиканиҳоро дар ин самт сари вақт бартараф намоянд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова кардааст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014-ум 18 фоиз коҳиш ёфтааст: “Агар сабаби то андозае коҳиш ёфтани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз як тараф пастравии сатҳи рушди иқтисодии кишварҳои шарики тиҷоратии мо бошад, мавҷуд набудани созишнома ва шартномаҳои байнидавлатӣ бо дигари давлатҳои хориҷӣ, ки дар вазъияти имрўза ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ зарурат доранд, ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати дарёфти бозорҳои нави корӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд”.
Президенти Тоҷикистон инчунин иттилоъ додааст, ки феълан 38 фоизи кормандони соҳаи фарҳанги кишвар бо таҳсилоти миёна фаъолият доранд, ки ин ҳолат ба таъмини рушди ҳамаҷонибаи соҳа таъсири манфӣ мерасонад: “Аз ин рў, Вазорати фарҳанг, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, якҷо бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин камбудиҳои мазкурро баратараф намуда, ҷиҳати беҳтар шудани нигоҳдории муассисаҳои фарҳангӣ ва фаъолияти доимии онҳо бахусус дар минтақаҳои кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд”.
Ба гуфтаи президент масъалаи фарогирии аҳолии мамлакат бо барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ҳанўз ҷавобгўи талабот нест. Ӯ масъулини Кумитаи телевизионро муваззаф кардааст, ки барои таъмини фазои иттилоотии кишвар бо барномаҳои радио ва телевизион тадбирҳои иловагӣ андешанду ҳар се моҳ ба Ҳукумат гузориш манзур намоянд: “ Ҳоло ҳам такрори зиёди барномаҳо ва сатҳи пасти касбияти рўзноманигорони телевизион ва радио ба назар мерасад”.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки соли 2016 барои кулли мардуми Тоҷикистон бояд соли созандагиву ободонӣ, пешрафт ва комёбиҳои беназир гардад, зеро имсол Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 25 — сола мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |