Манбаъ афзуд, бо фармони дигари президент Манзура Мадатова, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият мекард, директори литсей-интернати президентӣ дар шаҳри Душанбе таъин гардид. Хонум Мадатова дар ин мақом Давлатбӣ Мӯъминоваро иваз кард. Бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳуддин Исмонов, муовини вазири маориф, Лола Сафарова, муовини раиси Кумитаи андоз, Ҳилолбӣ Қурбонова, муовини аввали раиси Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Тахмина Давлатова, муовини раиси ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ва Раҳимҷон Саидов, сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъин гардиданд. Қиматгул Алибердиева, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият дошт, аз ин ба баъд ба симмати муовини раиси ВМКБ кор хоҳад кард.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |