Тағйирот ба Конститутсия: Аз лағви Сарқонун, Шӯрои адлия, аҳзоби динӣ то савганди ҳукуматдорон ва ҳаққи бемаҳдуди Пешво
Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 22 январ зимни ҷаласаи парлумон лоиҳаи Пешниҳоди аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун ва таъини раъйпурсиро муаррифӣ кард.
Ватанов изҳор дошт, ки тибқи тағйироти пешниҳодшуда аз қонуни асосӣ мафҳуми Сарқонун гирифта, хоҳад шуд, чун калимаи Конститутсия моҳияти ин санадро комилан ифода мекунад.
Инчунин ба гуфтаи Ватанов тибқи тағйирот Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш ба президентӣ бархӯрдор хоҳад шуд: “Муқаррароти конститутсия, ки як нафар ҳамагӣ ду бор ҳаққи пайдарҳам президентшавиро дорад, ба Пешвои Миллат дахл нахоҳад дошт”.
Инчунин синни номзадҳо ба президентӣ аз 35-соли феълӣ ба 30 сол поин оварда мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон илова намуд, ки дар баробари поин овардани синни номзадӣ ба президент, ки роҳ барои ҷавононро мекушояд, тибқи тағйироти пешниҳодшуда аъзои ҳукумат пеш аз оғози кор савганд ёд хоҳанд кард. Ӯ илова намуд, ки тибқи тағйирот Шӯрои адлияи Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
Бар асоси пешниҳоди вакилони парлумон Конститутсияи нав инчунин мавҷудияти ҳизби хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ва маблағгузории аҳзоби сиёсӣ аз хориҷи кишварро мамнуъ хоҳад кард.
Вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳоди тағйирот ба Конститутсияро якдилона қабул намудаанд ва он бо қарори Маҷлиси Миллӣ ба Суди конститутсионӣ пешниҳод хоҳад шуд. Ба гуфтаи вакилон баъди гирифтани хулосаи Суди констиутсионӣ, матни тағйирот, ки аз 41 қисм иборат аст, пешниҳоди мардум мешаваду санаи баргузории раъйпурсӣ дақиқ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |