Талаби додситонӣ барои бекор кардани ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон бо табааи Русия
Додситонии ноҳияи Металлурги шаҳри Челябинск аз додгоҳи ин ноҳия хостааст, ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон бо табааи Русияро бекор кунад.
Ба иттилои додситонӣ, ин ақди никоҳ на ба хотири созмон додани оила, балки барои дарёфти шаҳрвандии Русия аз сӯи табааи 28-солаи Тоҷикистон баста шудааст. Манбаъ гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон ва сокини 27-солаи Челябинкск аз замони бастани ақди никоҳ дар 17 июли соли 2015 зиндагии муштарак надошта, дар минтақаҳои гуногун мезистаанд: “Бар илова Раёсати муҳоҷирати Челябинск дар асоси қонун “Дар бораи тартиби равуо ба Федератсияи Русия” аз шашуми июли соли 2015 то шашуми июни соли 2018 ин шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳаққи вуруд ба Русия манъ кардааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |