Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода: Дар Тоҷикистон 183 нафар ғарқ шудааст
Тайи соли 2015 дар пайи риоя накардани қавоиди шиноварӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 183 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар қиёс ба соли 2014, 71 нафар бештар аст. Ин нукта дар иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ зикр шудааст.
Дар иттилоия омадааст, аз ҳама бештар ҳолатҳои фавти одамон дар пайи шиноварӣ дар вилояти мухтори Бадахшон сабт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, дар 12 моҳи соли сипаришуда дар Бадахшон 41 нафар ғарқ шудаанд: “Дар вилоятҳои Хатлон 36, Суғд 35, водии Рашт 12, ноҳияи Ҳисор 12 ва шаҳри Душанбе 21 кас бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҷони худро аз даст додаанд”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи офатҳои табиӣ бошанд, дар як соли ахир 38 нафар ба ҳалокат расида, 1121 манзил зарар дидааст: “Зарари моддӣ аз ҳолатҳои фавқуллодаи хусусияти табиидошта дар соли 2015, 325 миллиону 639ҳазору 200 сомониро ташкил додааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |