Наздики 120 масҷиди Суғд мавзеъҳои истироҳативу таърихӣ... шудаанд
Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд мегӯяд, фаъолияти 117 масҷиди панҷвақта қатъ шуда, қисме аз онҳо ба мавзеъҳои истироҳативу таърихӣ табдил дода шудаанд.
Суҳроб Рустамов, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ин ниҳод дар нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ин масоҷид “ғайриқонунӣ амал мекарданд ва дар асоси қарори шаҳру ноҳияҳо фаъолияташон қатъ гардид”. Ба гуфтаи ӯ, иботатгоҳҳои мазкур ҳоло “ба иншооти ёдгориву таърихӣ, кумитаи маҳаллаву чойхонаҳо, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, бунгоҳҳои тиббию боғчаҳои бачагона табдил дода шудаанд”.
Ҷаноби Рустамов мегӯяд, дар вилояти Суғд “фазои динии мусоид ба сиёсати давлат ташаккул ёфта, эътиқодмандони дини мубини Ислом дар 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъ, 951 масҷиди панҷвақта бо тоату ибодат машғуланд”.
Ба иттилои ӯ, инчунин дар қисме аз шаҳру навоҳии вилоят 20 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |