Бахшҳо
21 янв 2016 11:58Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Нигаронии Э.Раҳмон аз иҷро нагардидани нақшаи пахта, маблағи барқ ва...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 21 январ, дар идомаи ҷаласаи васеи ҷамъбастии ҳукумат аз иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта, ки яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст, таъмин нагардидани нақшаи даромади андоз, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи нерӯи барқ изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи ин камбудиҳо супориш дода, хостори пурзӯр кардани назорат шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла хостори пешгирии васлу насби дастгоҳҳои гуногуни худсохти гармидиҳанда ва истифодаи самараноки неруи барқ шуда, супориш додааст, ки то охири соли 2016 тамоми сохторҳои давлатӣ ба системаи гармидиҳанда пайваст карда шавад.

Ба иттилои манбаъ ба президенти Тоҷикистон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмудинов ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ, вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2015 ҳисобот доданд.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2015 ҳисобот дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Расулзода зимни ҳисоботаш таъкид намуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна мардуми Тоҷикистон бо амалӣ кардани як қатор тадбирҳо дар соли 2015 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд: “Дар соли 2015 ҳаҷми ММД 6 фоиз зиёд шуда, 48,4 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра барои дастгирии буҷаи давлат 450 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ин маҷлис таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, президент ва раиси ҳукумат шурӯъ шуда, дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2015 таҳлил ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2016 муайян мегардад. “Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул сурат мегирад”,-меафзояд манбаъ.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа як қатор тағйироти кадрӣ ҳам сурат мегирад. "Озодагон" дар ҷараён хоҳад буд ва аз ҷузъиёти маҷлис иттилоъ хоҳад дод.
Мӯҳр
беном
дилзанак 2016 сар шуд

Номдор
Аз иваз шудани чои чамшавандахо хосили чам тагир намеёбад

чамоварии пахта,андоз,пули барк -эшонро нигарон кардааст.ФАСОД.БЕБАРКИ.БЕКОРИ,НОАДОЛАТИ,КА

мухочир
Агар андоз пора доля намегирифт БУЧА барзиед ичро мешуд

Шахбоз
Барои ичрои шудани Суми Кувваи Барк андоз аввал нархои к.барк ва андозро паст кунен. И нархи баланда хеч кас намесупора. Ва дар оянда низ ичро намеша. ХАМИ МАСАЛАИ БЕЗИНА БИНЕН КИ БЕЗОР ШИДЕМ АЙ КИМАТИ.

Мабодо, тафтиши супоридани андозхо аз тарафи мансабдорон, раисону вазирон хам пешбини шудааст? Алалхусус аз даромадхои коррупцианиашон. Ана баъд даромада ба хазинаи давлат бубинед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)