Додгоҳи Русия Файзигулро 5 солу шаш моҳ равонаи зиндон кард
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар дуздӣ ва қаллобӣ муҷрим шинохта шуда, барои панҷ солу шаш моҳ равонаи маҳбас гардидааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳукми зиндони Файзигул Қурбоноваро Додгоҳи ноҳияи Орҷоникидзе имрӯз, 20 январ содир кардааст. Ба иттилои манбаъ, тафтишот маълум кардааст, ки хонум Қурбонова аз моҳи май то октябри соли 2014 назди мактаб мунтазир шуда, “бо роҳи фиреб ба боварии кӯдакон даромада ба манзили онҳо рафтаву зару зеварро мерабудааст”.
Дафтари матбуоти додситонии вилояти Свердлов гуфтааст, ин зан ба кӯдакон мегуфтааст, ки волидонашонро мешиносад ва барои ба онҳо кумак расондан, назири баргардонидани қарз ё тақдими туҳфа ба манзили онҳо ворид мешудааст: “Баъдан Қурбонова пинҳонӣ маблағ ва ҷавоҳиротро мерабудааст”.
Ба иттилои манбаъ, ӯ 11 ҷиноят анҷом дода, маблағи зарар наздики миллион рублро ташкил медиҳад. Муҳлати маҳбасро ӯ дар зиндони низомаш умумӣ пушти сар хоҳад кард.
Акс аз торнамои e1.ru
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |