Идомаи қазияи “Монте Кристо”-и тоҷик: Ҳамутоқаш- Ёфтаков гум шудааст...(ВИДЕО)
Тағоймурод Ёфтаков, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, ки бо истифода аз ҳуҷҷатҳояш ҳамутоқи ӯ - Маъруф Одинаев, шаҳрванди дигари Тоҷикистон аз боздоштгоҳои рақами 5-и Маскав фирор карда буд, гум шудааст.
Тибқи иттилои наздикони Тағоймурод Ёфтаков, ӯ бо иттиҳоми муқовимат бо кормандони пулис ба 7 моҳи зиндон маҳкум шуда буд ва бояд 13 январи соли равон озод мешуд: “Аммо 13 январ бо истифода аз маълумотнома дар бораи озодии Ёфтаков, ҳамутоқаш-Маъруф Одинаев аз зиндон фирор кардааст”.
Суннат Давлатов, бародари Тағоймурод Ёфтаков ба ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар Русия муроҷиат карда, арз доштааст, ки Тағоймуродро рӯзи 14 январ озод карданд: “Аммо мақомоти тафтишотӣ дубора рӯзи 15 январ Тағоймурод Ёфтаковро барои шоҳидӣ даъват намуда, боздошт кардаанд”.
Суннат Давлатов созиши ҷиноии бародараш бо Маъруфи Одинаевро рад мекунад. Давлатов изҳор медорад, ки рӯзи ба озодӣ баромадани Тағоймурод дар бадани ӯ осори латтукӯб ва ҳатто иззи дастгоҳи барқиро дида, дар телефони дастияш сабт кардааст. Ба иддаои наздикон феълан мақомоти Русия имкони мулоқот бо Тағоймурод Ёфтаковро намедиҳанд ва ҳатто макони боздошташро ифшо намекунанд.
Муроҷиати наздикони Ёфтаков ба ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик”:
Ин дар ҳолест, ки 17 январ раёсати зиндонҳои Русия аз боздошти Маъруф Одинаев, ҷавони 22-солаи тоҷик хабар доданд, ки рӯзи 13 январ аз “СИЗО”-и Маскав фирор карда буд. Маъруф Одинев, ки дар қасди фурӯши маводи мухаддар дар ҳаҷми зиёд муттаҳам мешудааст, рӯзи 13 январ тариқи тақаллубкорӣ ба ҷои ҳамватанаш-Ёфтаков, ки муҳлати боздошташ анҷом ёфтааст, ба озодӣ баромадааст.
Қаблан расонаҳои русӣ иттилоъ дода буданд, ки “Одинаев ба шарикаш дар боздоштгоҳ, ки муҳлати боздошташ анҷом ёфтааст, маблағ пешниҳод карда, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ боздоштгоҳро тарк кардааст”. Алайҳи Одинаев ба иттиҳоми фирор аз боздошт парвандаи ҷиноии дигар боз шудааст.
Тибқи иттилоияи додситонии Русия фирори Одинаев, ки дар расонаҳои Русия “граф Монте-Кристо” унвон гирифтааст, дар пайи риоя нашудани муқаррароти пешбинишудаи зиндонбонӣ сурат гирифтааст: “Меъёри берунории боздоштшуда аз утоқи боздошт ва озодкунии боздоштшудаҳо нақз шудааст. Фирори Одинаевро танҳо баъди 5 соат ошкор кардаанд”.
Додситонии Маскав мегӯяд, феълан мавод алайҳи зиндонбонҳоро ба Кумитаи тафтишотӣ равон кардааст, то дар масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нисбати маъмурини зиндон қарор қабул кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |