Суғд: Фавти модарон ҳангоми таваллуд афзоиш ёфтааст
Соли сипаришуда дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд 22 зан ҳангоми таваллуд вафот кардааст. Ин нуктаро Салом Ваҳҳобов - сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт.
Оқои Ваҳҳобов мегӯяд, ин рақам дар қиёс ба соли 2014 ду ҳолат зиёдтар аст. Ба иттилои ӯ, аз ҳама бештар ҳодисаҳои фавти модарон ҳангоми таваллуд дар шаҳри Панҷакенту ноҳияи Ашт (4 ҳодисаӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Салом Ваҳҳобов иллати фавти бештари модаронро “хунравии акушерӣ ва бемориҳои ғайригениталӣ” гуфт: “Аз 22 ҳолати марги модарон дар 11 ҳолат ташреҳи майит гузаронида шуд, ки дар 4 ҳолат санади якҷоя бо мақомоти дахлдор тартиб дода шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |