Ваъдаи дубораи Э.Раҳмон барои зиёд кардани маош, нафақа ва стипендия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20 январ дар паёмаш ба парлумон ваъда дод, аз якуми июли соли равон маошу нафақа ва идрорпулиҳо дар кишвар афзоиш меёбанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, дар пайи коҳиши содироту воридот ва иҷро нагаридидани нишондиҳандаҳои буҷет соли гузашта зиёд намудани музди меҳнат ва нафақа амалӣ нагардид. Ӯ таъкид намуд, ки ин иқдом дар сархати ҳадафҳои ҳукумат дар соли 2016 аст, "зеро ҳаёти сазовор ҳадафи асосии президенту ҳукумат мебошад".
Тибқи ваъдаи президент, аз моҳи июли соли равон маоши кормандони ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбиён – 15%, кормандони соҳаи маориф, илм фарҳанг, варзиш ва танудрустӣ - 20%, маоши кормандони ҳифзи иҷтимоӣ, истироҳатгоҳҳо, интернатҳо - 25% зиёд карда мешавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки ҳадди нафақа ба ҳисоби миёна то 20 дарсад, стипендия 30 дарсад, музди меҳнати ҳадди ақал 60 дарсад - то 400 сомонӣ афзоиш меёбад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, барои амалӣ намудани ин иқдом соле 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ равона мегардад: “Ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки тадбирҳо андешанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |