Пешниҳоди вакили рус барои пулакӣ шудани ёрии аввали тиббӣ барои муҳоҷирон
Владимир Сисоев, вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби либерал-демократӣ ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардааст, чанде аз хадамоти тиббии ройгон ба муҳоҷиронро лағв кунанд.
Дар пешниҳоди Сисоев аз ҷумла омадааст, ёрии аввали тиббӣ бояд барои муҳоҷирон пулакӣ шавад. Ин намояндаи Маҷлиси Русия ҳамчунин пешниҳод кардааст, муҳоҷирон пули хадамоти тиббиро метавонанд “баъди истифода бурдан аз он пардохт кунанд”.
Ӯ дар суҳбат бо радиои “Вести FM” гуфтааст: “Ба ин чиз бояд аз зовияи муассир будани масрафоти тандурустӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандони Русия бархӯрд кард. Вақте ки мебинем аз фонди тиббӣ миллионҳо рубл бебозгашт барои муҳоҷирон масраф мешавад, фикр мекунам, ин чиз бояд бозбинӣ шавад”.
Ин намояндаи ҳизби Либерал-демократи Русия бо ишора ба муҳоҷирони рус дар кишварҳои дигар гуфтааст: “Шаҳрвандони мо дар хориҷ барои ҳамаи хадамоти тиббӣ пул пардохт мекунанд”
Ба қавли Владимир Сисоев, меъёрҳои башарӯстӣ бояд ба инобат гирифта шаванд ва замоне, ки масъалаи маргу зиндагӣ дар миён меояд, духтурон метавонанд дигар хел иқдом кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |