Тавофуқи Тоҷикистону Чин барои боз кардани хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе-Пекин
Тоҷикистон ва Чин дар робита ба роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе-Пекин ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора Чан Сяою, раҳбари ширкати Алянси туристии шинҷон рӯзи 18 январ дар Душанбе хабар дода, афзуд, парвози аввалин дар ин самт рӯзи 21 феврали соли равон сурат хоҳад гирифт.
Ба иттилои манбаъ, ин парвоз, ки бори нахуст сурат мегирад, тавассути ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” ва Алянси туристии Шинҷони Чин анҷом хоҳад шуд: “Парвоз дар самти Душанбе-Пекин-Душанбе ҳафтае як бор рӯзи душанбе, соати 17:00 амалӣ гардида, парвоз 5 соату 30 дақиқа идома меёбад”.
Чан Сяою афзуд, ҳавопаймо соати 01:50 бо вақти Пекин фуруд омада, соати 03:00 дубора ба самти Душанбе парвоз мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |