Бахшҳо

Шарҳи сардори пулиси Хатлон: Мо риштарошӣ не, фаҳмондадиҳӣ кардем

Баҳром Шарифзода, сардори раёсати умури дохилии вилояти Хатлон бозтоби хабар дар бораи тарошидани риши мардум аз сӯи пулисро нодуруст хонд.

Дар ҳоле ки расонаҳои маъруфи Ғарб, ҷаҳони Араб, Русия ва Ҳинду Покистон аз тарошидани риши наздики 13 ҳазор мард аз сӯи пулис дар ҷануби Тоҷикистон хабар додаанд, Шарифзода мегӯяд, мо риши касеро натарошидаем, балки корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаем.

Аз ҷумла торнамои телевизионии “Ал Алҷазира” тарошидани риши 12 ҳазору 818 тан аз мардон ва кашидани сатри 1 ҳазору 700 зан дар Хатлонро “талоши масъулини ҳукумат дар заминаи мубориза алайҳи ифротгароӣ” гуфтааст. Ба навиштаи ин пойгоҳи хабарӣ, "роҳабарияти дунявии Тоҷикистон муддатҳост аз як раванди нохушоняд, ки аз Афғонистон маншаъ мегирад, ҷилавгирӣ мекунад”. Ба ин тартиб, расонаҳои маъруфи дигари англисзабон ба монанди “The Times of India”, “TIME”, “EurasiaNet”, “Global Voices Online”, “ВВС” ва даҳҳо расонаи дигари ҷаҳон хабари риштароширо бозтоб додаанд.

Аммо Шарифзода дар шарҳи ин хабар, ки аз нишасти матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бархост, изҳор дошт: “Зимни нишасти матбуотӣ мо қайд намудем, ки РКД дар вилояти Хатлон бо ҳокимияти маҳаллӣ, маҳҳаллаҳо, ҷамоатҳо, кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи вилоят ҳамкории зич дошта, бо роҳи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум кори хешро пеш мебарем. Соли гузашта маҳз бо баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо 12 ҳазору 818 мард риши хешро ба тартиб дароварда, 1773 зан аз пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона даст кашиданд. РКД касеро дар ин кор маҷбур накардааст ва ин интихоби худи онҳо буд. Мо ҳамеша дар ҳама кору пайкор бо мардум ҳамкорӣ мекунем”.

Қаблан мақомоти умури дохилии Хатлон гузориш доданд, ки соли 2015 дар вилоят 1773 зан аз пӯшидани сатр даст кашиданду наздики 90 фоҳишаи сатрпӯшро ошкор кардаанд. Сардори пулиси Хатлон инчунин илова намуда буд, ки соли гузашта риши 12 ҳазору 818 шаҳрвандро ба тартиб даровардаанд.
Мӯҳр
Вандидод
Вокеан хизмати "хубе" барои халку миллат кардаед мухтарам кормандони пулис. Фардо бо ин коратон дар пеши Худо чи чивоб медихед. Фохишахои сатрпушро гуфтед, бесатрхо хамкорои худатонанд, ки дар бораашон чизе нагуфтед?! Ачабо, шояд шумо хам даъвии мусалмони доред. Аммо туфу бар ин мусалмони!!! Озодагон озоди нашр кун.

Хамун духтарони фохишае ки худатон сатрашон пушндед чаноби Бахром Шарифзод ?

Бисёр кори нек ва савобро анчом додед. Зеро ки тамоми танфурушон аз хичоб истифода бурда, корохои зиштеро анчом медоданд, ки ба гуфтан рос намеомад. Бигзор хичоб пуш дар хона шинаду ба кучахо наброяд.
Дар солхои амири ва давраи Феодали чи кадар занони шердил ва шучоъ барои аз таги фаранчи озод шудан мубориза бурда буданду зани точикро аз дохили гур озод карда буданд. Ин занони чохили асри навин бошанд, боз мехоханд, ки ба даврахои кадим баргарданду худро дар таги гур чой намоянд. Хушёр бошед занон, чунки баъдан ин мардхои хиёнаткор хама корро дар хаки Шумо раво мебинанд.

Антифанат
ба фикри фанатикхо сатр пуши шуд, дигар хар кор ки хохи метавон кард....хато фохишаги

Бахром ба сатр кордор меши аммо барои либоси аврупои не чаро дар кучаҳо сатр дорҳоро бинед ба кашидан мачбур мекунед аммо либоси аврупои пушидаро бини ҳамчун либоси ми ли қабул мекуни вой бар ҳоли шумонбарин фитнакорон.ба Худо кори бе ниҳоят хато мекунед ки як руз боиси пушаймониатон мегардат.

Опарин командир!!!!! Зохириша (сатру риша) тонистен,локи аму ботиниша хам ягон фикр кунен, то ки бало нашаанд оянда ба...?!?!?!?!?!

ачабо инро читавр фахмид? вакто ки мардум аз риштарошиву сатрпуши шикоят аз полиси точикистон мекарданд вкд ин хама шикоятро рад мекарданд ва лекин имруз инро бо забони худ вкд икрор карда истодаанд

Дархости ришдор
Ҷаноби Шврифзода! Риши ман ҳам баланд шудагӣ, ба тартиб даровардан даркор, аммо ришгирак надорам. Лутфан ҳамун шогирдотона гуед риши маро ҳам ба "тартиб" дароранд...Факат лутфан он ришгиракеро ки бо он риши 12 ҳазор нафара тарошидед, иваз кунед, ки аз уна хдум бо дастум ришома биканум зудтар мешава

Лейтинант
Антифанат,
Антифанат маънои сатро намедони чи гап мезани. Хаёл мекни 6000 одам хач мераван бад хамаш кори хуб мекнан, нимш алкаш гаштесан. Сатр ин руймол аст ки хаму зану духтарт пуша либосхои танг не кушод пуша. Агар зану хохар барои твори антифанат кадр надошта боша мо як тори мухи модару зану фарзандмона нангу номус медонем. Хай у фоишахош ки сатр мекнан барои МУД мекнан. Шояд хаму фоишахо ай тарафи антифанатикхо бошад.

Саид
Ном ба номт шид дар тамоми ахборои дуне сурати хта нишон додесан дар таърих номт мемона .

мусулмон
ВКД дигар кор надорад магар ришу хичоб, фоишахои сатрпушро ошкор намудед хело хуб, лекин он фоишахое, ки бо миниюбкаву танхои барахна дар кучахо мегарданд кори онхо дурустаст магар!
Аз либоси дар фарханги мо бегона сухан мекунанд лекин танхо ба сатр кордоранд. Ба маълумоти ГУМРОХОН расониданиам, ки САТР ин либос нест ин пушонидан, пушонидани АВРАТ аст. Хамон руймол ва курта хох, милли бошад хох, не мак,сад пушонидани АВРАТ аст!

Салом "Озодагон". Бисёр шодам аз матлабхое, ки Шумо нашр менамоед. Гарчанде андаки онхо бо хатогихо ва дигарашон бе санчиш пахш шаванд.

Ба вазири корхои дохили мурочиат карда хаминро гуфтаниям, ки илтимос ин нафарро аз вазифааш гиред. Охир ин нафар ба фикрам аз сиёсат фарсаххо дур аст. Гарчанде агар коргари хуб хам бошад. Дар сохторхои давлати хангоми сардор будан, дар навбати худ бояд сиёсатмадор хам боши. Охир ин нафар як чумхуриро бо як сухани ночо шарманда кунонид. Саломат бошетон.

Гоҳ ину гоҳ он мегӯед, худ намефаҳмед чиҳо мегӯед,гоҳ писханд мезанед аз риштароши,дасти худро ба кшиши сатри занҳо бари.гар чунин аст фаҳмондадиҳии шумоён,туфу туфу туфу ....ман дигар гап надорам,зеро конун,озоди халқ монанди парандаи дар "қафас" аст.. хайр умедвори рӯзҳои нек ҳастем Иншоаллоҳ ҳамаш нағз мешавад гуфта зиндаги дорем..амммо кай?

ох, бисёр чои таассуф хаст, рузе мешавад ки пушаймон хохед шуд бо ин амали кардаатон.
бародари азиз рузе мешавад ки аз вазифа мерави, он руз пушаймон хохи шуд бо ин амалат. ХУДО хидоятат кунад.

хонанда
чунин "корхои фахмондадихи ва ба тартиб дарвардани риш" дар Султони Кабир ва Корвон бо номи маракаи риштароши маъмул шуда буд ки мисли гунахкорон ба дастхои дошта ме бурдандашон. ......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)