Ҷароҳати як сокини Хоруғ аз зарби корди афроди номаълум
Сарадов Карим, як сокини шаҳри Хоруғ бар асари зарбаи корд дар беморхонаи ин шаҳр бистарӣ шудааст.
Аз мақомоти интизомии Бадахшон бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, ки ҳодисаи мазкур соати 2-и шаби 17 январ ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, ба қисмати пои ҷабрдида, бо корд даҳҳо зарба расонда шудааст: “Айни ҳол ҷабрдида дар беморхонаи шаҳри Хоруғ таҳти назорати пизишкон қарор дорад”.
Манбаъ мегӯяд, феълан гунаҳкорони ин ҳодиса номаълум буда, тафтиши парванда аз рӯи моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |