Наҷмиддинов гуфт, овозаҳо барои боло рафтани синни нафақа асос надоранд
Раҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди боло бурдани синни нафақаро беасос хонд.
Сафаралӣ Наҷмиддинов 18 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир ин масъала матраҳ нест ва ҳеч пешниҳоде ҳам дар ин робита ба ҳукумат ироа нашудааст. Ӯ гуфт, бар асоси қонун дар Тоҷикистон мардон аз 63 ва занон аз 58-солагӣ ба нафақа мебароянд: “Дар дигар ҷумҳуриҳо низ имрӯз мехоҳанд ин стандартро ҷорӣ намоянд”.
Оқои Наҷмиддинов дар идомаи нишаст гуфт, соли сипаришуда 770 ҳолати нодуруст таъйин ва бозҳисоб гардидани нафақаҳо ба қайд расидааст, ки аз ин ҳисоб дар 736 ҳолат ба маблағи 1216,6 ҳазор сомонӣ нафақа зиёд ва дар 34 ҳолат ба маблағи 32,2 ҳазор сомонӣ кам ва бозҳисобӣ шудааст. Раҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон афзуд, соли 2015, 113 хизматчии давлатӣ, ки ба синни нафақа расида буданд, бо хоҳиши худ аз кор озод шуданд: “Мо гуфтем ё кор ё нафақа. 131 хизматчии давлатӣ бо хоҳиши худ аз нафақа даст кашида, фаъолияташонро идома доданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |