Пажуҳиши ВКД: 50,2%-и тоҷикистониён ба милиса бовар надоранд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз амалишавии марҳила ба марҳилаи барномаи ислоҳоти милитсия дар кишвар барои солҳои 2014-2020 хабар додааст.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки ҳадафи асосии ислоҳот ҳосил шудани эътимоди аҳолӣ ба милиса мебошад. Ба иттилои манбаъ бо ин мақсад миёни мардум назарпурсӣ ва таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида шуда, муайян гардидааст, ки сатҳи эътимоди мардум ба милиса 49,8 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2013 4,7 фоиз бештар мебошад.
Тибқи ин пажуҳиш 79,7 фоизи пурсидашудагон гузаронидани ислоҳотро зарур дониста, 71,9 фоизашон дар фаъолияти милитсия тағйироти мусбиро интизоранд: “60,8 фоизи пурсидашудагон зикр кардаанд, ки ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2013 камтар шудааст. Ин нишондод дар деҳот 69 фоизро ташкил медиҳад”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки дар доираи барномаи ислоҳот фаъолияти милитсия доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯмаки таъҷилии тиббӣ, психологӣ, ҷустуҷӯйи одамони гумшуда ва ҳамзамон наҷот додани ҳайвонотро фаро хоҳад гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |