Пеш аз қабули қонун: 199 никоҳи хешутаборӣ дар Суғд
Давоми 12 моҳи соли 2015 дар қаламрави вилояти Суғд якам дусад ақди никоҳи хешутаборӣ сабт шудааст.
Муқаддам Ҳошимова, сардори шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд дар нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, соли сипаришуда 199 ақди никоҳи хешутаборӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст: “Аз ҷумла, дар шӯъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии Истаравшан 69 адад, Исфара 50, Бобоҷон Ғафуров 36, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод 11 ададӣ, Мастчоҳ 10, Ашт, Қайроққум, Конибодом ва Шаҳристон 3 ададиро ташкил медиҳад”.
13 январ вакилони Маҷлиси намояндагон бо қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила никоҳи хешутабориро манъ карданд. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аснои муаррифии лоиҳаи мазкур гуфт, тағйирот ба Кодекси оила никоҳи хешутаборон, аз ҷумла издивоҷи байниҳамдигарии фарзандони хоҳарону бародарон - фарзандони тағою амакиҳоро манъ кардааст. Тибқи иттилои вазир, аз 25 ҳазору 328 маъюби то 18-солаи Тоҷикистон 30-35 дарсад ба никоҳҳои хешутаборӣ рост меояд. Тибқи иттилои вазир, тибқи тағйироти пешниҳодшуда инчунин бе муоинаи тиббӣ бастани ақди никоҳ дар Тоҷикистон ҳам манъ мешавад. Навхонадорон муваззафанд, пеш аз ақди никоҳ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Ба иттилои ҷаноби Салимзода, ин тағйирот аз моҳи июли соли ҷорӣ эътибор пайдо мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |