“Аз 13 ҳазор коргари Талко 8 ҳазораш аз Узбакистон буд”
То замони ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон беш аз 61 дарсади коргарони ширкати Талко (он вақт Заводи алюминии тоҷик)-ро шаҳрвандони он кишвар ташкил медод. Ин нуктаро Игор Сатторов, сухангӯи Талко дар ҳамоише дар Душанбе изҳор дошт.
Ӯ гуфт, то соли 1998 "аз 13 ҳазор коргари Заводи алюминии тоҷик 8 ҳазораш шаҳрвандони Узбакистон буданд". Узбакистон дар чанд соли ахир аз мухолифони сарсахти мавҷудияти Талко мебошад. Тошканд иддао дорад, ин корхонаи воқеъ дар ноҳияи марзии Тоҷикистон ба муҳити зисти онҳо хисороти ҳангуфте ворид кардааст. Намояндаҳои ин кишвар ҳатто дар СММ низ алайҳи Талко изҳорот дода, мавқеи кишвари худро муаррифӣ кардаанд. Аммо мақомоти тоҷик ҳамеша ин иддаоҳоро рад карда, мавзеъгирӣ ва изҳороти ҷониби Узбакистонро сиёсӣ унвон мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |