“Кидат”-и Ғанӣ ва қаҳри Дӯстумподшоҳ: Оғози суқут ё бозгашт бо нерӯи нав?
Иршод Сулаймонӣ
Шуморе аз расонаҳо ва таҳлилгарони Афғонистон бештар як ҳафтаи ахир аз нопайдо шудани ҷенерол Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон ва яке аз қумандонҳои пурнуфузи ва пешвои узбакҳои ин кишвар иттилоъ додаанд. Аз ҷумла расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки ҷенерол Дӯстум дар саҳнаи сиёсии Афғонистон бисёр нопайдо шудааст ва ҳадс задаанд, ки миёни Дӯстум ва раисҷумҳури ин кишвар Муҳаммад Ашрафғанӣ мухолифати ҳисобшудание сар задааст ва ҳамин аст, ки ҳузури физикии ӯ дар нишастҳо ва маросимҳои давлатии чанд ҳафтаи ахир ба назар намерасад.
Дӯстум, ки дар оғози ташкили Ҳукумати Ваҳдати миллӣ аз худ шӯру шавқи зиёде нишон медод ва пойи пиёда дар ҷодаҳои Кобул пайдо шуду дар маҳалли даргириҳои террористӣ бо либоси низомӣ зоҳир мешуд, ҳоло ба дафтари кори худ ба Арк намеравад ва аз меҳмононаш дар манзилаш пазироӣ мекунад. Ҳатто бархеҳо бар ин назаранд, ки Дӯстум Ҳукумати Ваҳдати миллиро таҳрим кардааст.
Қаҳр ва ё “кидат”-и Дӯстум дар ҳукумати Ваҳдати миллӣ
Масъалаи ”қаҳр” кардани Дӯстум ба пойгоҳи ДИИШ табдил шудани Афғонистон низ марбут мебошад. Чун Дӯстум як шахсияти мавриди назари Туркия ва Узбакистон аст ва ҳамеша аз ҷониби ин ду давлат пуштибониҳои гуногун дидааст дар ДИИШ-2 (Афғонистон) мехоҳад бо тактики нав ворид шавад. Хусусан Туркия, ки яке аз манфиатбардорони ДИИШ дониста мешавад, мехоҳад манофеяшро дар ДИИШ-2 бо дигаргуна вориди бозӣ кардани Дӯстум ҳимоят кунад.
Рӯзномаи “8 субҳ”-и чопи Кобул навиштааст, ки “ҷенерол Дӯстум, муовини аввали раёсатҷумҳурии кишвар, ин рӯзҳо аз саҳна ғоиб аст. Ӯ на дар ҷаласоти кобина ҳузур дорад, на дар ҷаласоти Шӯрои амнияти миллӣ ва на дар нишастҳои муносибатӣ раисҷумҳурро ҳамроҳӣ мекунад. Дар расонаҳои давлатӣ ҳам акс ё видюе аз ӯ дерест мунташир нашудааст. Инҳо нишон медиҳанд, ки байни ҷенерол Дӯстум ва соири сарони ҳукумат ихтилофи назари амиқе ба миён омадааст”.
Аз ҷумла ҳузур надоштани Дӯстумро дар маросими ифтитоҳи иморатҳои ҷадиди Парлумон ва вазоратхонаҳои дифоъ ва дохила расонаҳои Афғонистон ба унвони мухолифати амиқи сарони ҳукумати ин кишвар бо ӯ донистаанд.
Чанде пештар дар Фейсбук аксҳо аз Салоҳиддин Раббонӣ, вазири хориҷаи Афғонистон, Маъсум Истонакзай, сарпарасти вазорати дифоъ ва Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Афғонистон нашр шуд, ки дар манзили Дӯстум қарор доштанд. Гуфта мешуд, ки вазири хориҷа бо ҳамроҳии мушовири раисҷумҳур ва сарпарсти вазорати дифоъ барои миёнҷигарӣ миёни Дӯстум ва Ашрафғанӣ рафтаанд, ки натоиҷе ба даст наомадааст.
Рӯзномаи “8 субҳ” бо такя ба манобеи мувассақи худ гуфтааст, ки ин ихтилоф бар поя даст кашидани ҳукумати Афғонистон аз додани маош ба 300 муҳофизи Дӯстум сар задааст, ки ин муҳофизин, хона, дафтари кор ва меҳмонхонаи Дӯстумро дар Кобул ҳифозат мекардаанд. Ашрафғанӣ аз Дӯстум хостааст, ки шумораи муҳофизинашро коҳиш бидиҳад ва масъулияти таъмини амнияти Дӯстум ва хонаводаашро яке аз идораҳои Амнияти миллӣ ба дӯш бигирад, вале Дӯстум ин дархости раисҷумҳурро напазируфтааст.
Ҳамчунин як иллати дигари ихтилофи назари Дӯстуму Ашрафғанӣ ин гуфта мешавад, ки Дӯстум аз раисҷумҳур хостааст то як узбактаборро ба унвони вазири дифоъ муаррифӣ кунад, вале Ғанӣ ин дархосташро рад мекунад. Ин пешниҳоди Дӯстум дар пайи муаррифии Нурулҳақ Улумӣ ҳамчун муттаҳиди паштунтабор ба унвони вазири корҳои дохила аз ҷониби доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Ҳукумати иҷроияи Афғонистон сурат гирифтааст ва мехостааст, ки Ғанӣ ҳам ба вазорати дифоъ як муттаҳиди узбактаборро пешниҳод бикунад.
Дар маҳофили сиёсии Афғонистон дар аввалҳои ташкили ҳукумати Ваҳдати миллӣ ҳадс зада мешуд, ки Дӯстум мехоҳад дар вазорати дифоъ як нафари мавриди эътимоди худро биоварад ва мехоҳад, ки як воҳиди низомии мустақили худро ташкил бидиҳад ва то ҳатто онро “Қитъаи амалётии муовини аввал” ном гузошта буд. Дӯстум, ки мехост ин воҳиди низоми таҳти фармони мустақими худи ӯ бошад ва ҳеч гуна пойбандие ба қувваҳои мусаллаҳ надошта бошад, натавонист сари ташкили он бо сарони ҳукумат ба муовифақа бирасад.
Ҷенерол Абдурашид Дӯстум бо омадан ба тими Ашраф Ғанӣ дар корзори интихоботӣ мехост, ки аз пуштивонаи муқтадири сиёсӣ дар кишвараш бархӯрдор шавад. Ӯ райъи бешумори узбактаборҳои кишварашро ба нафъи Ашрафғанӣ овард ва ҳамин тур ҳукумати Ашрафғаниро мадюни худ медонист ва умедвор буд, ки аз салоҳиятҳои лозиме дар ин ҳукумат бархӯрдор мегардад. Вале тавре коршиносони сиёсӣ ҳадс мезананд Дӯстум, ки сарпарастии масоили амниятӣ ва варзишро дар Ҳукумати Ваҳдати миллӣ ихтиёрдорӣ мекунад, аз салоҳиятҳои қонунии қобили мулоҳизае бархӯрдор нест ва яке аз далелҳои дигари ихтилофи ӯ бо Ғанӣ ҳамин аст.
Вале, ҳанӯз пеш аз интихобот, замони корзорҳои интихоботӣ огоҳони умур дар Афғонистон мегуфтанд, ки Ашрафғанӣ бо овардани райъи узбактаборон Дӯстумро оҳиста-оҳиста аз ҳукумат канор мезанад. Ҳоло сар задани ҳамин танишҳо ва ихтилофоти назарро баъзеҳо оғози “кидат”-и Дӯстум дар Ҳукумати Ваҳдати миллӣ донистаанд.
Дӯстум ва “Дӯстумистон”-и ӯ
Ҷенерол Дӯстуми 63-сола муассис ва раиси Ҳизби ҷунбиши исломии Афғонистон аст, ки бештарини тарафдорони ин ҳизб туркманҳо ва узбакҳои Афғонистон мебошанд. Худи Дӯстум ҳам аз узбакҳои вилояти Ҷузҷон мебошад (падараш узбак ва модараш туркман) ва яке аз қумандонҳои қобили таваҷҷуҳ дар ҷомеаи қумандонсолории Афғонистон, баъди тарки Артиши Сурхи Шӯравӣ мебошад. Дӯстум дар даврони ҳуҷуми Шӯравӣ ба Афғонистон, дар ҳукумати Бабрак Кормал бо ҳимоят аз давлати коммунистӣ бо як неруи шибҳанизомии 20 ҳазорнафарӣ меҷангид ва амалан вилоятҳои шимоли кишварашро таҳти контрол дошт. Дар замони ҳукумати Наҷибуллоҳи Амин Дӯстум бо неруҳои низомияш худро ба Амин наздиктар кард ва алайҳи гуруҳҳои муҷоҳиддин, ки барои берун рондани Шӯравӣ дар набард буданд, меҷангад. Дар ҳукумати Амин, ки зери султаи Шӯравӣ буд, Дӯстум ду дафъа Қаҳрамони Афғонистон (солҳои 1986-1988) эълон шуд. Ӯ таҳсилдидаи Шӯравӣ мебошад ва гуфта мешавад, ки ҳанӯз замони дар Шӯравӣ буданаш узвияти Ҳизби халқию демократии Афғонистон (ҳизби коммунистмаоб)-ро пазируфта аз шумули парчамиҳои ин ҳизб буд.
Дӯстум аз шахсиятҳои калаванда ва мубодилагаре дар Афғонистон дониста мешавад. Ӯ дар замони ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ замоне бо муҷоҳиддин канор омад (унвони ҷенеролиро аз Раббонӣ дарёфт кард)-у алайҳи Ҳикматёр меҷангид ва боз замоне бо ҳамроҳии Гулбиддин Ҳикматёр дар муқобили Масъуд ҷанг карду алайҳи ҳукумати Раббонӣ қарор гирифт ва ба шимоли кишвараш баргашт. Дӯстум бо зери контрол гирифтани вилоятҳои шимолии Афғонистон дар соли 1997, ки ҷамъияти 3 миллионӣ (дар баъзе манобеъ 5 миллион) дошт ин минтақаро як давлати алоҳида бо номи “Дӯстумистон” таъриф мекарду медонист ва ҳаводоронаш ӯро “Дӯстум подшоҳ” мегуфтанд. Ин “давлат”-и дӯстум неруҳои мусаллаҳи 65- ҳазорнафарӣ дошт, ки марказаш шаҳри Мазори Шариф буд ва аз ҳисоби пасмондаҳои неруҳои Шӯравӣ соҳиби тонку тайёраҳои ҷангӣ низ буд.
“Салтанати Дӯстумподшоҳ”-ро ҳукумати Толибон шикаст ва баъди ишғоли Мазори Шариф аз сӯйи Толибон Дӯстум ба Туркия фирор кард. Баъдан Дӯстум барои мубориза бо Толибон бо Аҳмадшоҳи Масъуд канор омад ва таҳти фармондеҳии Масъуд дар Эътилофи Шимол вориди набард шуд ва дар озод кардани Мазори Шариф саҳм гирифт. Баъдан Дӯстум ба неруҳои эътилофи хориҷӣ таҳти роҳбарии ИМА барои шикастани ҳукумати Толибон дар Афғонистон пайваст.
Дар ҳукумати Карзай Дӯстум ибтидо раиси Шӯрои олии низомӣ ва намояндаи Карзай дар шимоли Афғонистон, муовини вазорати дифоъ буд. Дар интихоботи соли 2004 номзад шуд ва ҳамагӣ 10 дар сади ороро бас даст овард, ки ағлабан аз вилоятҳои узбакнишини кишвараш буд. Дар кобинаи нави Карзай баъд аз интихобот Дӯстум ба сифати раиси Ситоди муштаракаи қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон муаррифӣ шуд, вале ин мансаб аз сӯйи Додситони кулли ин кишвар ба ҳолати таълиқ даромад, ки сабаби аслияш иддаои Акбарбой, раиси Анҷумани турктаборони Афғонистон буд, ки мегуфт аз сӯйи Дӯстум мавриди шиканҷаву ситам қарор гирифтааст. Ин боис шуд, ки равобити Карзай бо Дӯстум тира шавад ва хонаи ӯ дар Кобул ҳам муддате таҳти муҳосираи пулис қарор гирифт. Дӯстум баъд аз ин боз ба Туркия рафт ва муддати тӯлонӣ дар ин кишвар ба сар бурд. Дар интихоботи 2009 аз номзадии Карзай ҳимоят кард ва мансаби пешинашро Карзай дубора барқарор кард.
Қаҳр кардани Дӯстум чӣ пайомаде дошта метавонад?
Дафтари матуботии Дӯстум дар як посух ба рӯзномаи “8 субҳ” ҳам аз вуҷуди ҳамин гуна як канорагирӣ миёни Ашрафғанӣ ва Дӯстум итилоъ додааст, вале далоили овардаи рӯзномаро бепоя донистааст. Дафтари матбуоти Дӯстум навиштааст, ки агар ташкили “Қитъаи амалётии муовини аввал” рад намешуд шаҳри Кундуз суқут намекард.
Ба далели ин ки Дӯстум яке аз қумандонҳои таъсиргузор дар ҳаёти сиёсиву низомии Афғонистон мебошад, бисёриҳо канор рафтани ӯро аз ҳукумати Ваҳдати миллӣ ба масобаи як таҳдиди ҷиддӣ ба баррасӣ гирифтаанд. Ҳоло дар шароите, ки Афғонистон дорад ба як минтақаи хоси бархӯрди манофеи қудратҳо табдил мешавад ва бозингарон барои ин бор шакл ва шеваҳои бозиро дигар кардаанд, канорравии Дӯстум маънои дигареро ба бор овардааст.
Ҳарчанд шахсияти Дӯстум ҳамин гуна зарфият ва эътимодсозиҳоро надорад. Вале чун ДИИШ ба Афғонистон интиқол меёбад эҳтимол меравад, ки Дӯстум чун даврони пешин дар ин бозӣ бо чеҳраи нав аз сӯйи яке аз бозингарон ворид карда шавад ва пуштибониҳои гуногун бибинад. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳоло Дӯстум яке аз фаъолони ҳаракати зидидиишӣ дар Афғонистон аст ва дар тобистони имсол як эътилоферо ҳам бо Ато Муҳаммади Нур волии вилояти Балх ва аз шахсиятҳои таъсиргузори дигари Афғонистон ташкил карданд, ки зидди Толибон ва ДИИШ нигаронида шудааст. Моҳи октябри соли гузашта Дӯстум аз Рамазон Қодиров, президенти ҷумҳурии русиягии Чеченистон хостори ёрии низомӣ шуда буд.
Ҳоло тахминҳои зиёд ин аст, ки Дӯстум бо як мувофиқаи бузургтаре ба ҳукумати Ваҳдати Миллӣ бармегардад, вале ҳамчунин нуқтаназарҳое ҳаст, ки ин таниш оғози футурравии шахсияти сиёсии Дӯстум дар ҳокимияти расмӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |