Як донишҷӯйи донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва сокини шаҳри Қайроққум вилояти Суғд бо ҷурми нобуд кардани амвол ба даст афтоданд.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт шаҳрвандон Шоҳназар Мадалиеви 22- сола, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва ноболиғ Фарҳод Убайдуллоеви 17 –сола дастгир шуданд. Гуфта мешавад, онҳо рӯзи 24-уми октябри соли равон, соати 22:30 дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Истиқлол, бо мақсади қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр бо санг 5-адад шиорҳо, панно-плакатҳои назди бинои шӯъбаи фарҳанг ва бинои шабакаҳои барқии «Ленинобод»-ро дарронида корношоям карданд.
Ҳамчунин манбаъ афзуд, ғайр аз ин онҳо 4-адад чароғакҳои раҳнамо ва 2-адад нишони роҳи чорраҳаи кӯчаи Истиқлол-Ленинобод, 2 тахтасангҳои ороишии роҳ, 2-адад чашмаки тирезаи мактаби мусиқии бачагона, 2-адад чароғҳои равшанкунии беруни бинои «Тоҷиктелеком»-ро зада шикастанд. Зарари расонидашуда 6158 сомониро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}
Мӯҳр