Манбаъ: Раъйпурсӣ барои Сарқонун моҳи май баргузор мешавад
Райъпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар, моҳи май баргузор мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз Ҳукумати Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Ин манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, интизор меравад раъйпурсӣ якуми май таъин шавад: “Вале ба далели ин ки ин рӯз ҳамчунин Рӯзи якдилии меҳнаткашон низ мебошад, ҳоло ба хулосаи қатъӣ наомадаанд”.
Ахиран, дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар хабар дод. Баъзе расонаҳо чанд банд аз лоиҳаи навро ҳам ба нашр расонданд. Бино ба тағйироти нав, синни номзад ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30 пойин оварда шуда, маҳудияти на бештар аз ду 7-сола пайи ҳам интихоб шудани як нафар ба ҳайси президент барои “Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат”, яъне Эмомалӣ Раҳмон дахл нахоҳад дошт.
Ҳар тағйир ё илова ба Сарқонуни кишвар танҳо баъди райъпурсии умумихалқӣ ворид карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |