Раиси Суди Олӣ: Аз ҳукумат вобаста нестем, супориш иҷро намекунем
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон иддаоро, ки додрасҳои тоҷик пойбанди мақомоти иҷроияанд ва бархе ҳукмҳоро тибқи супориш содир мекунанд, рад намуд.
Шоҳиён имрӯз, 18 январ дар шарҳи гузориши Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ, ки судҳои тоҷикро аз рӯи мустақилият миёни 140 кишвари ҷаҳон дар ҷои 58-ум қарор дода, мустақилтарин дар ИДМ хондаст, таъкид намуд, ки воқеан додрасҳои тоҷик ҳам қонунан ва ҳам амалан мустақиланд. Ӯ иддаоро дар мавриди пойбандии додгоҳҳои Тоҷикистонро ба ҳукумат беасос хонда, таъкид намуд, ки на ба ҳукумат ва на мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ вобаста нестанд. Ӯ афзуд, ки судҳои Тоҷикистон мустақиланду супориши касеро иҷро намекунанд. Ба гуфтаи Шоҳиён ягон нафар ва шохаи ҳокимият ҳаққи дахолат ба раванди қабули қарор аз ҷониби додрасҳоро надорад.
Шоҳиён инчунин аз афзоиши муроҷиати шаҳрвандон ба додгоҳҳо хабар дода, илова намуд, ки тайи соли 2015 дар кишвар 12 ҳукми сафед ва 2 ҳукми қисман сафед содир гардидаанд, ки ин дар муқоиса бо соли пешӣ камтар мебошад. Аз ҷумла ҳукмҳои сафед 4 адад ва қисман сафед 3 адад коҳиш ёфтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |