Шоҳиён Кабириро саркардаи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим хонд: Мақомот ҳам гунаҳкоранд
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 18 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ташкилкунандаи асосӣ ва маблағгузори қасди табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 номид.
Шоҳиён дар қасди табаддулоти давлатии Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро низ гунаҳкор кард. Ӯ шарҳ дод, ки ин табаддулот аз қабл тарҳрезӣ шуда будааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онро бояд саривакт ошкору пешгирӣ мекарданд. Шоҳиён афзуд нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба чунин камбудӣ роҳ доданд, чораандешии қонунӣ сурат мегирад.
Ӯ илова намуд, ки парванда дар робита ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода ба додгоҳи олӣ ворид шуда, дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Дар мавриди аъзои боздоштшудаи раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шоҳиён илова намуд, ки парвандаи онҳо махфӣ буда, ҳоло дар баррасии додситонӣ қарор доранд.
Суди Олӣ тирамоҳи соли гузашта дар пайи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро экстремистӣ-террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро мамнуъ кард.
Феълан дар баробари ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои “Ҳизби таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаркати исломии Туркистони шарқӣ”, “Ҳизби исломии Туркистон, (собиқ ҳаракаи исломии Узбекситон), ҳаракати “Толибон”, ташкилоти “Бародарони мусулмон”, ташкилоти “Нашъа-ат таиба”, “Ҷамъияти исломии Покистон”, “Ҷамъияти Таблиғот”, “Ташкилоти динии мисянерҳи созмонии таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, равияи динии “Салафия”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Гуруҳи 24 “, “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-нусрат” мамнуъ мебошанд, ки ба қавли Шермуҳаммади Шоҳиён ҳадафи сарнагун кардани сохти конститутсионии кишварро доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |