Пулис устоди варзиш аз Тоҷикистонро дар зарбаи марговар айбдор мекунад
Мақомоти умури дохилии Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон, ки устоди дараҷаи байналмилалии муҳорибаи навъи юнону римӣ муаррифӣ мешавад, мавриди кофтукоб қарор додаанд.
Тибқи иттилои мақомоти Русия ин варзишгар рӯзи шанбеи 16-уми январ дар яке аз қаҳвахонаҳои кӯчаи Миклухо Маклайи Маскав зимни муноқиша як нафарро задаст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷон додааст: “Муайян шудааст, ки айбдоршаванда ҳамроҳи дӯсташ бо мошине, ки рақамҳои минтақаи Краснодарро доштааст, ба қаҳвахона омадааст”.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, феълан шахсияти муттаҳам муайян шуда, алайҳи ӯ ба иттиҳоми расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки бо марг анҷомидааст, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |