Бахшҳо

Коршинос: Ба муносиботи Теҳрону Душанбе ҷараёнҳои давлатҳои сеюм таъсир доранд

Муҳаммад Фарҳод Кулайнӣ, коршиноси аршади масоили стратегии Эрон гуфтааст, ҷараёнҳои кишварҳои саввум дар талошанд, муносиботи Душанбе ва Теҳронро хадшадор ва масъаласоз кунанд. Ин нуктаро ӯ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Форс” изҳор доштааст.

Ҷаноби Кулайнӣ гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ-ро яке аз ин ҷараёнҳо хондааст. Ӯ мегӯяд, “нуктае ки бояд диққат кард, ин аст ки агар ба таҳаввулоти гузашта баргардем, хоҳем дид, дар гузашта дар бахшҳое аз Тоҷикистон ҳатто ҷараёноте аз қабили ДИИШ то ҳадди пулиси вижа нуфуз карда ва дар ин хусус ҳатто бо неруҳои террористӣ дар Сурия ҳам эъломи байъат доштанд”. Дар идома меафзояд: “Ин як намунае аст, ки чӣ гуна унсури ДИИШ ва кишварҳое, ки тавлидкунанда ва ташвиқгари ин ҷараёни террористӣ ҳастанд, ба нуқоте аз системаи пулис ва амнияти Тоҷикистон нуфуз кардаанд”.

Ҳарчанд ин коршинос аз касе ном набурда, аммо метавон ҳадс зад, ки ишораи ӯ дар мавриди пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини “ОМОН” ё Дастаи таъиноти махсуси ВКД ба саффи ДИИШ аст. Ҳалимов охири моҳи майи соли сипаришуда бо нашри як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод.

Ба иддаои Муҳаммад Фарҳод Кулайнӣ, бархе аз дастҳо дар дохили давлат ва дохили ниҳодҳои Тоҷикистон талош доранд, то муносиботи хоричии ин кишваро таҳти таъсир қарор бидиҳанд: “Ин дар ҳолест ки Тоҷикистон дар шароити феълӣ дучори мушкилоти хоси иқтисодӣ аст. Шароити номатлуби иқтисоди Русия ва бозгашти мавҷе аз муҳоҷирин дар канори коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар ва мушкилоте ки дар баробари тарҳҳои калони иқтисоди монанди КАСА-1000 вуҷуд дорад, дар ниҳоят мунҷар ба бурузи бархе сенарияҳои ҳидоятшуда аз сӯи душманоне гардида, то Тоҷикистонро зайиф ва муносиботи Душанбе бо бархе кишварҳо, аз ҷумла Эронро дучори хадша кунад”.

Роҳҳалҳои бурунрафти Душанбеву Теҳрон аз мушкили мавҷуда ба қавли ин коршинос “дарки муштараки масъулин ва гом бардоштан ба самти беҳбуди шароит” мебошад: “Тоҷикистон бояд аз ин масъала огоҳ бошад, ки дар сурати ҳаргуна фосилагирӣ аз Эрон, худзании тамаддунӣ мекунад. Ва ин мавзӯъро бояд диққат кард, ки баъзе вақтҳо мавзеъгириҳои сареъ ва содаандешона ва ё коршиносинашудаи бархе аз афрод, ҳеч кумаке ба беҳбуди шароит нахоҳад кард”.

Муҳаммад Фарҳод Кулайнӣ дар поёни суҳбаташ бо ин хабаргузорӣ гуфтааст: “Тоҷикисон ба ҷиҳати ғалаба бар мушкилоти иқтисодӣ амалан вориди як саре бозиҳои минтақаӣ мегарадад”.
Мӯҳр
Мо Як Миллат Хастем баноми Форс.Давлати Точикистон Бояд Бр Эрон Раводидро Бардорад Миллат Дар Мухчират Дар Рассия Бсерхаст.Мо Кати Эрон Якзабон ва Мусалмон Хастем

Чумхурии Точикистон давлати мустакил хаст ва худ муаян мекунад, ки бо кадом давлат муносибатхои сиёси ва иктисодияшро рушд дихад. Давлате ки (мисли Эрон) аз гурухе, созмоне ва ё нафари алохидае дар чумхурии мо хамчун чинояткор эътироф шудааст, пуштибони ва дастгири кунад бе ягон шак ин муносибатхо кохиш меёбанд. Дуруст хаст ки бо чумхурии Эрон забон, дин, фарханги бисёр наздик дорем аммо АМНИЯТИ далати Точикистон болотар аз хамаи инхост!!

Мустафо Кулобчон,
tu bisyor ghalat mekununi janobi mustafo kamtar tafakkurv doshta bosh

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)