Хабари кушта шудани бародари Қурбон Чолов дар Сурия
Давлат Чолов, бародари Қурбон Чолов, аз фармондеҳони Ҷабҳаи мардумӣ дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дар Сурия кушта шудааст. Дар ин бора Абдуқодир Мирзозода, муовини сардори раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб хабар додааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи сипаришуда оқои Мирзозода дар нишасти хабарие гуфта буд, ба маълумоти онҳо Давлат Чолов ба гуруҳи “Давлати исломӣ” пайваста, дар Ироқ қарор дорад. Аммо ӯ имрӯз, 18 январ ба ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Рӯзи шанбе барои иштирок дар ҷаласаи мушовараи вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе қарор доштам. Онҷо огоҳ карданд, ки бар асоси иттилои фаврӣ–ҷустуҷӯии мо Давлат Чолов алакай дар як набарди Сурия кушта шудааст”.
Яке аз наздикони Давлат Чолов ҳам дар суҳбат бо ин расона хабари марги ӯро тасдиқ кардааст: “Ба мо ҳам хабари марги ӯро расонданд ва барояш азо гирифтем. Вале ҳанӯз ҳақиқати ҳол бароямон рӯшан нест, ки кай ва дар куҷо ба ҳалокат расидааст”.
Давлат Чолови 45 сол дошта, бародари Қурбон Чолов, яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи мардумӣ дар ҷанги дохилии Тоҷикистон аст. Ҷомӣ Чолов, писари Давлат Чолов рӯзи 14 декабри соли гузашта гуфта буд, падараш 24 сентябри соли 2015, дар рӯзи Иди Қурбон аз хона берун шуда ва то ҳол ҳеч нишоне аз ӯ дарёфт накардаанд. Баъди ин сару садоҳое баланд шуд, ки Чолов ба Сурия рафтааст.
Давлат Чолов моҳи феврали соли 2014 дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоме ки қасди парвоз ба Туркияро дошт, боздошт шуд. Мақомот ӯро ба ҷалби ҷавонон ба гуруҳи мамнӯъи “Давлати исломӣ” ва қасди пайвастан ба ин гуруҳ айбдор карданд. Аммо моҳи декабри ҳамон сол ӯ бо пардохти ҷарима озод шуд. Мақомот танҳо бо ҷарима озод шудани ӯро ба “сидқан пушаймон шудан” ва “ҳамкорӣ бо тафтишот” бастагӣ доданд.
Давлат Чолов дар гузашта дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марзи ноҳияи Шӯрообод бо Афғонистон хидмат мекард ва унвони майорро дошт. Дар соли 2003 Давлат Чолов баъди гунаҳкор шуданаш дар ғайб задани силоҳ аз қисми низомие, ки хидмат мекард, як муддат ба Афғонистон ҳам фирор карда буд.
Дар акс: Қурбон Чолов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |