Исмоилзода раиси нави журналистони Тоҷикистон интихоб шуд
Исмоилзода Зиннатуллоҳ Бурҳон, раиси телевизиони "Симои мустақили Тоҷикистон" ва раҳбари муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум” имрӯз, 16 январ раиси нави Иттифоқи журналистҳои Тоҷикистон интихоб гардид.
Ба иттилои хабарнигори “Озодагон”, ки дар Анҷумани Иттифоқи журналистон ҳузур дорад, 4 номзади дигар ба мақоми раисии ин ниҳод - Сайёфи Мизроб, Суҳроби Фаррухшо, Ёқуб Исмоилзода ва Гули Зард номзадиашонро бозпас гирифтанд. Дар баробари интихоб шудани раҳбари Иттифоқи журналистон 23 тани дигар, бо шумули Абдулазизи Восеъ, Ёқуб Исмоилзода, Бахтовар Карим, Фаррух Зиёзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршед Ниёзов, Сайёфи Мизроб, Нилуфар Асламшоева, Улмас Эркаев, Асалмо Сафарова, Муним Оламов, Парвона Аҳрорӣ ва Умари Шерхон узви раёсати ин иттифоқ интихоб гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |