Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки дар ин нишаст ҷонибҳо бештар сари масъалаи гардиши мол миёни ин ду кишвар мубодилаи афкор намуданд: «Агар дар соли 2009 гардиши мол миёни Тоҷикистону Лаҳистон 8,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2010 афзойиш ёфта ба 18,9 миллион доллар расид, ҳоло он ки дар соли 2008 табодули амвол ба 23,0 миллион доллари ИМА баробар буд. Аммо аз рӯи ҷамъбасти 9 моҳи ахири соли 2011 нисбат ба давраи муқоисавии соли гузашта гардиши мол миёни ин ду кишвар, ҳудуди 37 фойиз коҳиш ёфтааст».
Гузашта аз ин дар ин нишаст, масъалаҳои роҷеъ ба гирифтани қарзи имтиёзнок, ба роҳ монадани ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии қишлоқ, саноати дорусозӣ, бунёди инфрасохтор, сайёҳӣ, саноати сабук, соҳаи бонкдорӣ ва суғурта матраҳ гардид, -афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |