Раҳмонзода: Ба президент мерасонам, ки журналистонро дастгирӣ кунад
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, имрӯз, 16 январ зимни анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ваъда дод, ки дархости журналистони мустақилро барои дастгирӣ ба президент мерасонад.
Толибшо Саидзода, муовини раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсзабон-“Афруз” зимни анҷуман аз Раҳмонзода хоҳиш кард, ки дархости ҷомеаи журналистиро ба президент расонад, то расонаҳои мустақилро дастгирии молиявӣ кунад.
Раҳмонзода дархостро пазируфта, ваъда дод, ки онро ба раисиҷумҳур мерасонад ва дар доираи имконот дастгирӣ ироа хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки мониторинги ахир нишон дод, ки ҳудуди 90 дарсади расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ҳолати буҳронии молиявӣ қарор доранд.
Дар баробари ин Ёқуб Исмоилзода, иҷрокунандаи раиси Иттифоқи журналистии Тоҷикистон зимни анҷуман изҳор дошт, ки соли гузашта 21 журналист ва тайи 5 соли охир 60 журналисти тоҷик даргузаштаанд. Ӯ афзуд, 91 дарсади марги журналистони тоҷик ба иллати иҷтимоӣ, камбизоатӣ ва шароити ногувори молиявӣ рабт дорад.
Иҷрокунандаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон инчунин аз мушкилот дар пардохти ҳаққи аъзогии журналистон дар ин иттиҳодия зикр кард, ки соле 60 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |