Тасмими Вазорат баъди ҳамлаи Толибон ба консулгарӣ ва маҷруҳсозии дипломати тоҷик
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бастани консулгариҳо дар Файзобод ва Кундузи Афғонистонро шарҳ дод.
Тибқи иттилоияи Вазорати умури хориҷӣ ин иқдом ба хотири таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Кундуз амалӣ гардида, дар сурати ором шудани вазъият, консулгариҳо дубора фаъол хоҳанд шуд.
Вазорати умури хориҷӣ дар шарҳи ин тасмимаш таъкид намуд, ки 28 сентябри соли 2015 ҳангоми ишғоли шаҳри Кундуз тавассути ҷангиёни ҳаракати «Толибон», консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр яке аз аввалин биноҳое буд, ки мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифт: “Ҳамчунин 16 майи соли 2014 Консули Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ мавриди ҳуҷуми мусаллаҳона қарор гирифта, маҷруҳ шуд. Бо назардошти эҳтимоли такрори чунин амалҳо, ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ноором дар вилоятҳои Бадахшон ва Кундузи Афғонистон, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки фаъолияти консулгариҳо дар ин минтақаҳо муваққатан боздошта шавад”.
Вазорати умури хориҷӣ афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Кобул ва консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф фаъолияти худро чун пештара идома медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |