(САДО) Нигаронии раиси вилояти Суғд аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ дар қаламрави вилоят изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ аснои нишасти хабарии рӯзи 14 январаш гуфт, дар 12 моҳи соли 2015 беш аз 300 нафар сокини вилояти Суғд даст ба худкушӣ задаанд. Оқои Қодирӣ афзуд, бештари ин афрод одамони бе ҷои кору беморони руҳӣ будаанд: “Ин рақам воқеан ҳам нигаронкунанда аст, чун назар ба соли 2014, 39 ҳолат зиёд мебошад”.
Раиси вилоят мегӯяд, аз 302 каси ба ҷони худ қасд карда, 38 нафарро хонандаҳои ташкил медиҳанд: “Мо дастур додем, ки дар кадом мактаб ҳолати худкушиву худсӯзӣ шуд, сардори мактабу роҳбари синфи он ҳуқуқи маънавии дар ин мактаб кор карданро надорад. Барои ҳамин, ҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз мекунем гуфтам ва ҳам дар мактабҳо мо иҷозаи кор карданро намедиҳем".
Абдураҳмон Қодирӣ дар идома аз хабарнигорон даъват кард, дар мавриди ҳолатҳои худкушӣ камтар бинависанд, зеро ба қавли ӯ, “дар бораи худкушию худсӯзӣ зиёдтар гуфтем, нишондиҳандаҳо ба ҷойи кам шудан, зиёд мешаванд. Мо то ҳатто ба ниҳодҳои дахлдор гуфтем, ки ба ҳар як ҳолати худкушиву худсӯзӣ парвандаи ҷиноӣ боз менамоед”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |