Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон иддаои Кароматуллоҳи Аҳмад, журналисти собиқадори тоҷикро, ки як сокини Душанбе бар асоси хобаш метавонад, заминларзаҳоро пешгӯӣ кунад, бепоя хонд.
Каромамтуллоҳи Аҳмад, имрӯз, 15 январ дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки як сокини шаҳри Душанбе бо номи Каромат Исматов ба ҳафтаномаи “Чархи гардун” мактуб фиристода, гуфтааст, ки ҷунбидани заминро дар хобаш мебинад. Журналисти собиқадори тоҷик ба унвонии Академияи илмҳо мактуб навишта, ин суоли Каромат Исматовро ба миён гузошта, шарҳи истеъдоди фавқулодаи ӯро хостааст.
Президенти Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи 14 январ ба ин журналист тоҷик, ки аз тақдири пешниҳодҳояш суол кард, посух дод, ки ин иддао асоси илмӣ надоранд: “Ба далели ин ки пешниҳоди шумо хаёлӣ буд ва ҳеч гуна асоси илмӣ надошт, олимони Академияи илмҳо зарурате ба ҳамкорӣ ва посухро надиданд”.
Ҳамчунин академик Собит Неъматуллоев, яке аз донишмандони варзидаи ҷаҳон дар соҳаи зилзилашиносӣ изҳор дошт, ки то кунун баъзе дастовардҳои илмӣ барои пешгӯйӣ кардани заминларза ҳосил шудааст, вале бар асоси хоб пешгӯйӣ кардани заминларза як даъвои бепоя ва ғайриилмист. Ба гуфтаи Собит Неъматуллоев ҳоло се усули асосии пешгӯйии заминларза -ларзанигорӣ (сейсмика), атмосфера ва аносфера вуҷуд дорад ва илм ба ҷуз ин усулҳо шеваи дигареро намедонад.
Вале Кароматуллоҳи Аҳмад мегӯяд, ки Академияи илмҳо натавонистааст, ки ба пешниҳоди ӯ посухи қонеъкунанда бидиҳад.
Дар акс: Кароматуллоҳи Аҳмад
Мӯҳр