“ФМС”: Дар 1 моҳ 4%-и тоҷикон Русияро тарк кардаанд
Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо нашри як гузориш иттилоъ додааст, ки тайи як моҳи ахир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар 3,8 фоиз кам шудааст.
Тибқи омори ин ниҳод ба ҳолати 12-уми январ теъдоди тоҷикистониён дар Русия 862 ҳазору 321 нафарро ташкил медиҳад. Ба иттилои “ФМС” шумораи шаҳрвандони Узбакистон низ дар Русия кам шуда, феълан ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар баробар мебошад.
Хадамоти муҳоҷират таъкид мекунад, ки баъди ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шумораи шаҳрвандони ин кишвар дар Русия 2% афзоиш ёфта, ба 553 ҳазору 910 нафар расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |